Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳамасоли мардуми сарбаланди тоҷик 16-уми ноябрро ҳамчун ҷашни бузург ва муқаддас бо як шукуҳи шаҳомати хоса истиқбол намуда, онро бо як самимияти хосае ҷашн мегиранд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз эътироф намудаанд, ба кадом хотир? Таърих инъикоскунанда ва бозгӯи воқеияти гузашта маҳсуб меёбад.

Мо аз таърихи халқи тоҷик ҳама бо хуби огаҳ аз ҳодисоти солҳои 90-уми қарни гузашта мебошем. Пас аз барҳам хӯрдани собиқ давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ, мардуми куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардид. Аз ин неъмати бебаҳо мардум самаранок истифода набурда, онро қариб ба нестӣ баранд. Бо омилҳои дохиливу беруна, бадхоҳони миллати тоҷик, ки онро дидан намехостанд, дар охир бамақсадҳои нопоки худ расиданд, ки онҳо дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ба вуқуъ оварданд.

Дар кишвар мардум гуруҳ-гуруҳ муқобили якдигар бархостанд, дар шаҳри сабз дигар аз кору зиндагӣ сухан гуфтан багумон буд, мардум макони аҷдодиву падарии хешро тарк намуда, рӯ ба фирор ниҳоданд, дар гӯши мардум ҷуғзҳо гӯё садо медоданд, дар дили мардум ноумедиҳо хона карда буд, ба ҷои аллаи гӯшнавози модарон тиру туфанг садо медод. Ин шодии хоинони миллат хушбахтона дер давом карда натавонист.

Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид зеро, ки пойтахти мамлакат ба гирдобҳои хунин мубаддал гардида, ба ҷони шахсони мансабдор имкони ҳар лаҳза сӯиқасд вуҷуд дошт, аз ин хотир иҷлосия дар шаҳри мазкур, ки каме амнтар буд доир гардид. Дар арсаи саҳнаи сиёсати тоҷик шахси сарсупурдаи миллат, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯро интихоб гардид. Дар вазъияте, ки ҳеҷ кас ҷуръати ба зимма гирифтани чунин масъулияти баландро надошт, бо як умед, нияти пок, ҳисси баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ, бо мақсади сарҷамъ намудани миллате, ки хатари парокандашавӣ таҳдид мекард, бо як маҳорати баланд миллатро аз вартаи нобудшавӣ берун оварда, аз сифр давлатро бунёд намуданд.

Аз рӯзҳои нахустин фаъолияти кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз Ватан, аз сулҳ, аз миллат сухан ронда, баҳри амалӣ гардидани сулҳу ваҳдат ҷони хешро сипар намуда, дар охир ин ниятҳои нек, хушбахтона ҷомаи амал пӯшид. Ҳамаи ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирон вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ворид карда шуд ва ҳамчун ид дар саросари кишвари маҳбубамон таҷлил карда мешавад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари тамаддуновар, дорои таърихи бузург ва фарҳанг мешиносанд, қадр ва ҷойгоҳи намоёнро бо ташабускориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишғол намудааст.

Баҳри мо сокинои аз тарафи давлату ҳукумат, бевосита аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконоту шароитҳои мусоид баҳри зиндагии шоиста муҳайё карда шудааст. Мо кормандони ҳокимияти судии мамлакат ба ҳамаи ин ғамхориҳо ҷавобан ваъда медиҳем ҳар як лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста аз паи таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдорӣ, пешгири намудани сатҳи ҷинояткорӣ, қонуният тартиботи ҳуқуқӣ, ба амал баровардани адолати судӣ, баҳри обод гардонидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони беназир самимона ва фарзандона хизмат намуда, ҷонибдор ва пайравони асили сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳем монд.

You May Also Like..

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *