Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зоҳиртарастиву исрофкорӣ–омили паст гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Қаноатзода О.Р.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бо дарназардошти он, ки ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардида, таrлидкориву раrобати бемантиr дар гузаронидани тeю маъракаҳо бори гарон ва хароxоту исрофкориҳои зиёд ба бор овард, зарурат ба танзим даровардани он ба миён омад. Ба uайр аз ин гузаронидани маросими дафну азодорӣ низ бори гарон бор овард, ки зарурияти танзими он ба миён омад, ки дар натиxа Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи танзиму анъана ва xашну маросимҳо дар Xумҳурии Тоxикисон » rабул шуд. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Xумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷуд омадаро оқилона дарк намуда, моҳи майи соли 2007 бамаврид таъкид карданд: «Воқеан, қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасанд».

Бо ташаббуси Сарвари давлат ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардиданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳодисаи воқеан ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак диҳад. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рe оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иxтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали хайреро анҷом дод.

Чӣ тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ таъкид намуданд: «зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад». Таҷрибаи солҳои охир исбот намуд, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушкилии молии мардумро осон кард. Инчунин таxриба собит сохт, ки пас аз мавриди амал rарор гирифтани rонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.

You May Also Like..

Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Конститутсияи ҶТ ҳокимияти судиро шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва рушди ҷомеаи […]

Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.-Раиси суди иқтисодии шҳари Душанбе Абдуллозода З.Ф.

Дар асоси моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи […]

Забондонӣ ба волоӣ расонад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Забондонӣ ба волоӣ расонад, Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад. Касе к-у беш омўзад забоне, Расидан бар муроди дил тавонад. Забони тоҷикӣ, […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *