Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Пешгирии коррупсия таҳкими сулҳу суботи ҷомеа мебошад.-Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Яке аз мушкилотҳои имрўзае, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро фаро гирфтааст, ин проблемаи коррупсия мебошад. Вобаста ба ин ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа Ҳукумати мамлакат сол то сол чораҳои гуногуни қатъӣ меандешад. Махсусан, қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва ратификатсия намудани санадҳои байналхалқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия далели ин гуфтаҳост.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 қайд гардидааст, ки: “Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, суд ва прокуратура бояд, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия, хариду фурӯши одамон ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа равона карда шавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, прокуратура ва судҳо бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Мутаассифона, ҳолатҳои номатлуби даст ба ҷиноят задани баъзе кормандони мақомоти зикршуда, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам ҷой доранд, ки ин омил эътибори мақомоти давлатиро коҳиш дода, ба шаъну шарафи кормандони он иснод меорад. Дар робита ба ин, як нуктаро зикр бояд кард, ки доир ба пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ аз тарафи давлат тамоми тадбирҳои ҳуқуқиву ташкилӣ роҳандозӣ шудаанд…». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсии кишвар дар қатори дигар масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба масъалаи мубориза бо коррупсия диққати махсус дода истодаанд.

Масъалаи мубориза бар зидди коррупсия дар тамоми давлатҳои дунё бароҳ монда шуда, таваҷҷӯҳи ҷахониён ва ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалиро дар қатори мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва маводи мухаддир ҷалб менамояд.

Коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, баробарҳуқуқиро оҳиста – оҳиста аз байн бурда, боварии мардумро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ коста мегардонад, ки ин ҳам бошад, ба нофаҳмоиҳои зиёде дар миёни ҷомеа пойдор мешавад.

Бо дарназардошти вазъи имрўзаи коррупсия, дар кишвар бояд самтҳои афзалиятнок ва усулҳои зерини мубориза ба он, муайн карда шаванд:

  • баланд бардоштани фаъолнокии иштироки аҳолӣ дар мубориза бо коррупсия ва фароҳам овардани фазои оммавии зиддикоррупсионӣ;
  • бартараф намудани сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи коррупсия;
  • таъмини истифодаи мақсаднок ва судманди маблағҳои буҷетӣ ва фондҳои давлатӣ, бо роҳи амалӣ сохтани назорати давлатии молявӣ;
  • пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти судӣ, андозу гумрук ва сохторҳои низомӣ, соҳаҳои маориф, ҳифзи саломатии аҳолӣ;
  • дар доираи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда;
  • ба зиммаи шахси мансабдор гузоштани уҳдадории исбот кардани сарчашмаи ба вуҷуд омадани амвол (бойшавии беасос);
  • мутобиқати талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ, муайянсозии баъзе ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта (Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия ва Конвенсияи Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд) дар бораи мубориза ҷиҳати ба шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ додани пора (ҳангоми гузаронидани амалиёти кори байналмилалӣ);
  • мусодираи ҳатмии амвол, ашёи ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии дорои хусусияти коррупсионидошта.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *