Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пеши роҳи терроризму экстремизмро дар якҷоягӣ гирифта метавонем.-Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ташвиш андохтааст. Аксари ин гурӯҳҳои ифротӣ эътиқоду боварии динии мардуми кишварҳои гуногуни дунёро сӯистифода карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Натиҷаи кирдорҳои ҷинояткоронаи онҳо тафриқаандозӣ миёни мардум, қатлу куштори мардуми бегуноҳ, қашшоқӣ, бекорӣ, гуруснагӣ, бесаводӣ, гумроҳии ҷавонону насли наврас ва дигар таъсирҳои манфӣ дар ҷомеа мебошад. Таркишҳои бесобиқа, гаравгонгирӣ ва фавҷи гурезаҳо кишварҳои зиёди ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Аз ҳодисаҳои ваҳшатангези таркишҳо дар кишварҳои гуногун – Фаронса, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Покистон, Индонезия, Сурия, Ироқ, Исроил, Афғонистон, Ливия ва дигарон аз тариқи васоити ахбори омма ҳамагон огоҳем ва медонем, ки чӣ қурбониҳоро дар пай доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, нисбат ба терроризму экстремизм бетараф нест. Тоҷикистон яке аз аввалин кишвари пасошўравие ба шумор меравад, ки дар солҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бо ҷалби гурўҳҳои экстремистӣ гардид. Бо дарназардошти таҷрибаи талх дар ин самт, кишвари мо ба қабули қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди эктсремизм иқдом намуд. Ин буд, ки парлумони кишвар 8 декабри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»-ро қабул намуд.

Рафъи сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдошавии экстремизм мусоидат мекунанд – ин фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян ва бартараф намудани сабабҳое, ки боиси пайдо гардидани экстремизм шудаанд ва шароитҳое, ки барои пайдошавии экстремизм муҳити муайянеро ба вуҷуд меоваранд, мебошад.

Дар баробари ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 776 аз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» тасдиқ шудааст. Стратегияи мазкур ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Сабабу омилҳои гаравиши шаҳрвандон, хусусан ҷавонон зиёданд. Аммо беш аз ҳама ин ноогоҳӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, дарк накардани хатари ифротгароӣ, зудбоварӣ, ба доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ афтидан, соҳиби пули муфт гаштан ва аз ҳама асосӣ – надоштани донишҳои кофии диниву дунявӣ мебошад. Ҳар як фарди бо виҷдони ҷомеа бояд тамоми кӯшишу нерўи худро барои некуаҳволии хонаводаи худ, дастгирии наздикон ва ободию тинҷии кишвари худ равона созад. Аз баъзе мушкилиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашуда, бо як иродаи қавӣ пайваста дар пайи кори хайру нек шуда, дар ҷамъият соҳиби обрӯи арзанда гардем. Нисбат ба мушкилоти дӯстону наздикон низ бетафовут набуда, оид ба гирифтани пеши роҳи ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор бошанд. Аз роҳи нодуруст баргардонидани як шахс ва бароҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани ӯ ин худ саҳмгузорӣ дар ободии кишвар ва рушди ҷомеа, инчунин саҳм гузоштан дар мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини озодиҳои динӣ, баланд бардоштани маърифати динии аҳолӣ ва ташаккули таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Мубориза бар зидди ин вабои асри XXI на танҳо вазифаи ҷонии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ буда, балки вазифаи ҳар як шаҳрвандони ватандўсту ватанпарвар ва бо нангу номуси миллат мебошад. Мо метавонем, ки дар якҷоягӣ ба ин зуҳуроти номатлуб дастболо гардем.

You May Also Like..

Паём – таҳрикдиҳандаи соҳаи энергетика.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ […]

Нақшаи милли амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Дар моддаи 1 Конвенсияи байналхалқи оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, мафҳуми “ табъиз нисбати занон” оварда […]

Сарфакорона истифода намудани қувваи барқ – омили аз байн бурдани норасоии он мебошад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Мардуми бофарҳанги ҷумҳури бояд, дар истифодаи қувваи барқ ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд, балки сарфакорона онро истифода намоянд. Бо боварии комил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *