Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Танзими анъана ва ҷашну маросим боиси пешрафти ҷомеа.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун, давлати иҷтимоӣ эълон намуда, баҳри зиндагии шоистаи сокинонаш тамоми имконоту шароитҳои мавҷударо фароҳам оварда истодааст. Аммо дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки ба амалу кирдоҳои худ ба зиёдаравӣ роҳ дода, дар байни ҷомеа мехоҳанд ба ин рафтори худ худнамоишдиҳӣ намоянд. Бо мақсади аз байн бурдани чунин амалҳои зишт, давлату ҳукумати малакат чораандешӣ намуда, роҳи ягонаи аз он раҳоиро дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷаншу маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 08.06.2007 №272 дидан мумкин мебошад.

Қонуни мазкур дар воқеъ саривақтӣ ва бо маврид мебошад, зеро бо тақозои замон анъана ва ҷашну маросимҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд ва ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони кишвар равона гардидааст. Имрӯз то ҳол ҳастанд нафароне, ки ба амалҳои хилофи қонуни мазкур дар ҷомеа ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Дар м.1 қонуни мазкур мақсаду вазифаи он муқаррар карда шудааст, ки он бо мақсади ҳимояи манфиатшои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд иборат мебошад.

Шахсоне, ки ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, метавонанд, ки бо ин рафтори худ ба буҷаи оила ва пешрафти он зарар расонида бошанд. Зеро ба зиёдаравӣ роҳ додан хилофи меъёрҳои дунявӣ ва динӣ мебошад. Ба ҷои чунин амал мо метавонем, ки маблағҳои худро дар роҳи ободонии оила, маҳал, ноҳия ва давлати хеш харҷ намоянд, ё ин ки барои дастгирии оилаҳои ниёзмандону дармондагон харҷ намоянд.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *