Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи муқаддас мебошад.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар ҷомеаи муосир нақш ва мавқеи насли наврас хеле бориз мебошад. Давлату ҳукумат ва хосатан, сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда истодаанд. Ояндаи ҳар як давлат аз насли солими он вобастагии ногусастанӣ дорад. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон, яке аз иқдомотҳои наҷибона ва саривақтӣ ин қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  аз 2.08.2011 № 762 мебошад. Қонуни мазкур дар муҳлати амалӣ худ тавонист, ки ба як қатор дастовадҳо ноил гардада. Новобаста аз оне, ки қонуни мазкур амал карда истода бошад ҳам, имрӯз ҳолатҳое ҳастанд, ки боиси нигаронии кулли ҷомеа гардидаанд. Ин пеш аз ҳама аз ҷониби волидайн нодида гирифтани меъёрҳои қонуни мазкур, даст ба ҷиноят задани ноболиғон, ба машғулиятҳои дарсӣ ҳозир нагардидани хонандагон, шабгардиву оворагарди намудани онҳо, ба бозиҳои хусусияти зӯроварӣ машғул гардидан ва ба ҳаргуна кирдорҳои зишт  даст задани онҳо то ҳол вуҷуд дорад. Зеро дар ин давра, яъне дар давраи наврасӣ мо агар ба таълиму тарбияи онҳо беэътиноӣ зоҳир намоем,  дар оянда метавонад, ки оқибатҳои номусоидро бабор оварад.

Дар таълиму тарбияи фарзандон натанҳо нақши волидайн, балки мактаб ва ҷомеа хеле бориз мебошад. Зеро мо метавонем, ки дар якҷоягӣ фаъолият намудани ин ниҳодҳо, ба татбиқи ҳадафҳои гузошташуда дастёб гардем. Ниҳодҳои номбаркардашуда дар якҷоягӣ як механизми томеро ташкил медиҳанд. Агар як ниҳод фаъолияти худро дуруст ба роҳ монад ва дигар ниҳод фаолияти худро дуруст ба роҳ намонад, он гоҳ мо ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои худ дастболо гардида наметавонем.

Аз ин рӯ пешниҳод карда мешавад, ки оила, мактаб ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзандон бетарафи зоҳир нанамуда, аз паи босавод, ботарбия ва хештаншиносу меҳадӯст гаридани онҳо ҳамеша кӯшиш намоянд ва дар замири онҳо ҳисси китобхониву китобдӯсторӣ, арҷгузори ба муқаддасоти миллиро бедор намоем. Барои дастгирии насли наврас тамоми имконотҳои мавҷуда сафарбар карда шудааст. Бо мақсади босавод гардидани насли наврам яке аз иқдомҳои саривақтӣ ва наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамасола ташкил ва баргузории озмуни ҷуҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар завқи китобхонии насли наврасро бедор намуд. Аз ҳамаи ҳамватанон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар таълму тарбияи насли наврас бетараф набуда, ҳамеша нисбати таълиму тарбияи онҳо саҳмгузор бошем.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *