Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истифодаи оқилонаи неруи барқ ба манфиати ҳамагон аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар шароити кунунӣ дар мамлакат самаранок истифода кардани неруи барқ нишонаи фарҳангӣ баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Имрўз ба ҳамаи мо маълум аст, ки яке масъалаҳои муҳимми стратегияи давлат ин истифодаи мақсадноки неруи барқ ба ҳисоб меравад ва ин аз ҳар як шаҳрванд муносибати ҷиддиро дар ин самт талаб мекунад. Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сарриштакорона истифода бурдани неруи барқ ҳанўз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷўёнаи энергия” ба имзо расида буд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо неруи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷўёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”.

Бояд хотирнишон кард, ки имрўз ҳар як сокини мамлакат бояд ба кўшишу хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар равнақ додани соҳаи энергетика дар муддати начандон тўлонии соҳибистиқлолӣ, шукргузор бошанд. То ин давра бо ҳидоят ва азму кўшишҳои Сарвари давлат барои беҳтар намудан ва тақвият додани ин соҳа чандин корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Инчунин, барои беҳтар кардани фаъолият ва афзалият додани ин соҳа якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқи, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷўии энергия”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”, илова бар ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи манъ намудани фурўши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди соҳаҳои комплекси сўзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015” қабул гардидаанд. Қабули чунин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва тадбирҳои саривақтии Ҳукумати мамлакат боиси пешрафт ва тараққиёбии ин соҳа гардидааст.

Имрўз мо аз бобу модда ва бандҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи барқ бохабар бошем ва барои шахсони воқеиву ҳуқуқии мамлакат, ки аз ин чаҳорчўба берун омадаанд ҷавобгариро ба таври зарурӣ пешбинӣ намоем, бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар тамоми фаслҳо истифодаи неруи барқ дастрасу қуллай мегардад. Боиси тазаккур ва таваҷҷуҳ аст, ки дар моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика ном дорад, омадааст: “Баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комплекси сўзишворю энергетикӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, сарфаҷўйии энергия, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, кам кардани хароҷоти нисбии захираҳои энергетикӣ дар истеҳсоли маҳсулоти умумии миллӣ”. Дар банди мазкур нуқтаи ба мо зарурӣ ин сарфаҷўии энергия мебошад, ки яке аз самтҳои сиёсати давлат маҳсуб меёбад.

Амсоли ин нуқтаҳо дар фармони болозикри Президенти мамлакат ва дигар қонунҳо чандин мисол овардан мумкин аст. Мутахассисон таҳлил намуданд, ки дар сурати истифодаи 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион кВт – соат баробар мешавад, яъне ивази лампаҳои тафсон ба каммасраф танҳо аз ҳисоби аҳолии мамлакат 3 миллиарду 120 миллион кВт – соат неруи барқ сарфа мешавад, ки ба ҳаҷми истеҳсоли неругоҳи барқи обии дорои иқтидори 810-мегаватта баробар аст. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари онанд, ки мо зимни пурра гузаштан ба лампаҳои каммасраф хароҷоти беҳудаи неруи барқро пешгирӣ намуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи оилавӣ манфиати бештар мерасонем. Хулоса, бояд гуфт, ки дар системаи энергетика сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи барқи истифодашуда ба манфиати кор мебошад. Ҳамчунин, огоҳ шудан аз санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи барқ, ки барори донистани ҳуқуқҳои тарафайн ва фаъолияти самарабахш дар ин ҷода, инчунин барои беҳтару густаришу равнақ додани ин соҳа мусоидати калон хоҳад кард.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *