Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарфакорона истифода намудани қувваи барқ – омили аз байн бурдани норасоии он мебошад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мардуми бофарҳанги ҷумҳури бояд, дар истифодаи қувваи барқ ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд, балки сарфакорона онро истифода намоянд. Бо боварии комил гуфта метавон, ки дар натиҷаи истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ дар саросари кишвар проблемаи бавуҷудомада бартараф карда мешавад. Дар истифодаи қувваи барқ мебояд то ҳадди имконпазир сарфакорона амал намуд. Агар мо нисбати барқ бепарвоӣ зоҳир намоем ва дар сарфакорона истифода бурдани он, кӯшиш накунем пас моро хатари аз даст додани истиқлолияти коммуникатсионӣ таҳдид мекунад. Дар саросари кишвар ба кор даромадани корхонаҳои калони саноатӣ, амал кардани боғҳои фароғатӣ ва дигар марказҳои калони сарфкунандаи қувваи барқ боиси ба миқдори зиёд масраф гардидани қувваи барқ гаштааст. Ҳамин тавр, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро мебояд, дар проблемаи ба миён омада якҷо саҳми худро гузоранд. Ёдрас мешавем, ки дар солҳои аввали истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз норасоии барқ дар бисёре аз минтақаҳои кишвар мардум ранҷу машаққати зиёде кашиданд. Аз ҳамин сабаб, шаҳрвандонро мебояд, дар ин давраи мушкил якҷо бошанд то ки боз проблемаи давраи гузашта ба вуҷуд наояд.

Ба даст овардани истиқлолияти коммуникатсионӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ наомадааст, бо мушкилиҳои зиёд, яъне сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аксарияти онҳо аз фаъолият боз монда буданд, бо сармояи мамлакатҳои хориҷа таъмир ва азнавсозӣ карда шудаанд. Ба қадри ин бояд расид.Ба даст овардани истиқлолияти коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мақсадҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Мақсади стратегӣ бо дастовардҳои назаррас амалӣ шуда истодааст. Сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ ва ба кор даровардани онҳо аз амалӣ шудани мақсади стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.Хулоса, мардуми бо тамаддуни Тоҷикистон аз ӯҳдаи ҳалли ин мушкилӣ мебарояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин муаммо дар муддати кутоҳ ба пуррагӣ бартараф карда мешавад. Мо ба ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ дорем.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *