Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақшаи милли амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар моддаи 1 Конвенсияи байналхалқи оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, мафҳуми “ табъиз нисбати занон” оварда шудааст, ки ҳама гуна фарқият, хориҷкуни ё маҳдудсози бо нишонаи ҷинсро дорад, ки ба заифгардони ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асоси дар соҳаи сиёси, иқтисоди , иҷтимои, фарҳанги, шаҳрванди ё ҳама гуна соҳаи дигар аз ҷониби занон, сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст. Яке аз дастовардҳои муҳими ҷомеъаи муосир нест намудан ва ё барҳам додани табъиз нисбати занон мебошад. Чунки таърих гувоҳ аст, ки миллатҳо ва халқиятҳои гуногуни дунё вобаста ба фарқият ва маҳдудият, занон дар ҷомеъа аз ҳуқуқҳои худ маҳрум буданд. Вале 18 декабри соли 1979 бо баробари аз ҷониби Асамблеаи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид қабул намудани “Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон” маҳдудиятҳои истифодаи ҳуқуқ аз ҷониби миллатҳо ва халқиятҳои муайян аз миён бардошта шуд. Мутобиқи моддаи 10-и Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурииро ташкил медиҳанд. Ҳамчун тибқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ “ санадҳои ҳуқуқии байналмилаллие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар низоми санадҳои меъёри ҳуқуқи Тоҷикистон дар зинаи 3 қарор доранд.

Конвенсияи байналхалқи дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбти занон ҷузъи низоми қонунгузории кишвар буда он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 декабри соли 1993 эътироф ва тасдиқ карда шудааст. Мувофиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боло зикршуда соли 2019 вобаста ба тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022 қабул тасдиқ карда шудааст. Дар нақшаи милли амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022 як чанд номгуи чорабинӣ пешбини карда шудааст.

Аз ҷумла гузаронидани семинар-машварати ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо таваҷҷуҳ ба татбиқи муқаррароти Конвенсия,  баррасии масъалаи такмили қонунгузории амалкунанда вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон аз гуруҳҳои осебпазир ва ба инобат гирифтани омилҳои гендери баргузории суҳбату вохуриҳо дар байни аҳоли бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҷалби шарикони рушд баҳри муаррифии татбиқи сиёсати гендери дар ҷумҳурӣ, ташкил намудани барномаҳо ва семинарҳои омузиши бо мақсади баланд бардоштани ҳассосияти гендерии хизматчиёни давлатии, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо, ҳимоятгарон кормандони вазорату идораҳои марбута ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ, баргузор намудани давраҳои омузиши ва семинарҳо оид ба масъалаҳои баррасии шикоятҳои занону духтарон бо таваҷҷуҳ ба омилҳои гендери барои кормандони вазорату идораҳо , мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои иҷрои маҳалии ҳокимяти давлати ба такмили ихтисос, аз ҷумла омӯзиши санадҳои байналмиллали оид ба зӯроварӣ нисбати занон дар самти мазкур фаро гирифтани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳи дар байни аҳоли дар бораи пешгирии зӯроварӣ нисбати занон, зиёд намудани судҳои сайёр вобаста ба баррасии парвандаҳо доир ба масъалаҳои зӯроварӣ нисбати занон ва дигар номгуи чорабини вобаста ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022 пешбини карда шудааст.

Вобаста ба иҷроиши нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022 Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии хизмати давлвтии назди Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот, ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои давлатӣ вазифадор карда шудааанд, ки ҷиҳати амали гардидани нақшаи мазкур чораҳои дахлдор андешида шавад. Аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад,  ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсияи байналмилаӣ “ Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон” як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ҳуҷҷати муҳимест, ки раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти занон –Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон да Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, боби иловагӣ ба барномаи мазкур “Дастраси занони деҳот ба замин”, дар бораи барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” аз 01.11.2006, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари истифодабарии онҳо”, ки татбиқи пайдарҳами онҳо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳт №269 аз 29 майи соли 2010 “Стратегияи милли фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, аз 19.03.2013 , “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирӣ зӯроварӣ  оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2014-2023” аз 03.05.2014, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2017, “Дар бораи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022”, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, тасдиқ гардид ва даҳҳо дигар фармоишу қарорҳо, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисоӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модру кӯдак равона карда шудааст, замина гузошт.

Самараи исиқлолият буд, ки имрӯз теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимят-мақомоти олии қонунгузор, ҳокимяти иҷроия, судҳо ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъияти афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд. Дар Паёми имсолаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарои кишвар ки санаи 26 январи соли 2021 ироа грдид. Сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷидди дода шуд.

Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоизи ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбати ба интихобиоти гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони болаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисо ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодааст. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизмтчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳоли қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назарас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқони аз ҳисоби занон 35600 нафар занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгири карда ба хотири ҷалби бештари онҳо вазифаҳои роҳбарикунандаи тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакатро дар ин самт Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, оид ба ҷалбми занону бонувони болаёқатманд ва вазифвҳои гуногун дар сохтори судҳои иқтисоди чораҳо андешида шуда истодааст, ки ин боиси эътимоду боварӣ ба занон аст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *