Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паём – таҳрикдиҳандаи соҳаи энергетика.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Таъмини неруи барқ имрӯз дар аксар кишварҳои сайёра қаноатбахш нест. Ин мушкилӣ, воқеан ҷиддӣ мебошад. Чунки дар тамоми дунё сол то сол талабот ба неруи барқ афзуда истодааст. Бояд гуфт, ки айни замон дар тамоми дунё олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани мардум ва ба ин васила пешбурди истеҳсолот, таҳқиқот мебаранд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз масоили мубрам ин соҳаи энергетика қарор гирифта буд. Сараввал таъкид доштанд, ки “Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст”. Бояд тазаккур дод, ки барои беҳтар гардонидани соҳаи энергетика аз рӯи адабиётҳои тахассуси ва пешниҳодҳои мутахассисони соҳа дар солҳои охир бармеояд, ки асосан ду роҳи ҳалли масъала пешниҳод мегардад:

  1. Афзун кардани иқтидори истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар манбаҳои энергетикӣ.
  2. Кам кардани истифода ё худ сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ.

Тибқи пешниҳоди аввали мутахассисони соҳа дар кишвари мо корҳои назаррас анҷом дода ёфтааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат, ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон гардид. Ҳамчунин, дар ин замина як қатор неругоҳҳои барқӣ сохта ба истифода дода шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир дар кишвар барои сохтан ва муҷаҳҳаз гардонидани неругоҳҳои барқӣ таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумат равона гардидааст. Пешниҳоди дуюмӣ ҳам аз назари мантиқӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ барои самаранок истифода бурдани неру наздиктару осонтар аст.

Чунки дар ин омил қувва, маблағ, вақт ва дигар хароҷоти зиёдатӣ лозим намеояд. Истифодаи оқилона, сарфаҷӯёна ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсолот аз худи ҳар фард вобастагии зич дорад. Барои ҳал гаштани масъалаи дуввум, ҳануз даҳ сол муқаддам Сарвари давлат дар Паёми худ ба  Маҷлиси Олии кишвар роҷеъ ба масъалаҳои истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама барқу газ ва об, кам намудани талафоти онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда буданд.

Инчунин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии сарфҷӯёнаи энергия” бо мақсади иҷрои нишондодҳои дар Паёми зикргардида ҷиҳати сарфаҷӯии энергия, истифодаи асбобу таҷҳизоти замонавии камасрафи барқӣ дар ҷумҳурӣ ба тасвиб расида буд. Ҳамзамон дар кишвар барои оқилонаву сарфакорона истифода кардани энергетика Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия” қабул гардидааст. Ин қонун муносибатҳои ҷамъиятиро дар ҷодаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия танзим намуда, тартиби истифодаи онро дар ҷумҳурӣ муайян мекунад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *