Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бояд масъулиятшинос бошанд.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб буд, ки дар ҷомеаи мо чанд сол қабл амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ бештар аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардид ва дар ин росто каммасъулиятии баъзе аз падару модар ва омӯзгорон низ ба назар мерасид.

Барои несту нобуд сохтани мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта ва сади роҳи ин падидаи номатлубро гирифтан, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандонамон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардида. Ин қонун барои беҳдоши ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар мегардонад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо бо масъул гардонидани падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қабул гардидааст, балки ба фарзандони болиғу қобили меҳенат вазифаҳои махсусро вогузор кардааст. Аз ҷумла, дар он муқаррар шудааст, ки: “Фарзандони болиғу қобили меҳнат вазифадор карда шуданд, ки падару модари худро нигоҳубин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намоянд”. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур, фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон, ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *