Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Анъана – расму қоида, урфу одатҳоест, ки аз як насл ба насли дигар мегузарад ё аз наслҳои гузашта мерос мондааст. Халқи тоҷик таърихи бою қадима дошта, дорои ҷашну маросим ва анъанаҳои гуногун мебошад. Ниёгонамон ба фарҳангу маънавиёт арҷ гузошта, таърихи ғаниеро ба мо мерос гузоштаанд. Расму одат ва тартибу қоидаҳои мустаҳкамшуда дар тарзи зиндагӣ, афкор ва ғоя, инчунин суннати халқамон баръало намудор аст. Ҳамин тавр, мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд.

Аммо мутаасифона, мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд. Дар натиҷа, асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд. Баъзеҳо ҳануз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксари онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва монанди инҳо ба сарфи маблағҳои ҳангуфт роҳ медиҳанд.

Чунин ҳолатҳо, алалхусус то замони қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” хеле зиёд ба назар мерасиданд ва ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оммаи васеи мардум таъсири манфӣ мегузоштанд. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, то барои ҳалли ин масъала чораҳои зарурӣ андешад. Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Натиҷаи назарсанҷӣ доир ба татбиқи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нишон додааст, ки вобаста ба дастовардҳо ва роҳҳои беҳтар амалӣ намудани ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бештари шаҳрвандон нақши онро дар боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, инчунин аз байн рафтани таассубу хурофот ва ташаккули фарҳанги сарфакорӣ муҳим арзёбӣ намудаанд.

Новобаста ба анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим ҳануз ҳам ҳолатҳое ба назар мерасад, ки баъзе шаҳрвандон талаботи қонунгузориро дар вақти гузаронидани ҷашну маъракаҳо ба назар намегиранд. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини иҷроиши талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ миёни аҳли ҷамоатчигӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуда барои риоя накардани онҳо чораҳои муассиру дахлдор меандешанд, ки дар самти амалишавии қонун нақши асосӣ доранд.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *