Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – барои тарақиёти ҷомеа нақши муассир дорад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Қонун  бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.  Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.  Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд. Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллиро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур:   Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  

Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешавандАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ба аҳли ҷамоатчиёни мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” 24-уми майи соли 2007 иброз намудаанд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу диннии худро то ба як низоми муайян надарорем, ва хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии  аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем. Ҳамзамон Пешвои миллат қайд намуданд, ки қисме аз мардуми мо бо сабабҳои зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо, маъракаҳо пойбанди таасуби хуруфот будани худ ва ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад.

Бояд қайд намуд, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баргузории ҷашну маросимҳо ва харҷу сарфи маблағҳои зиёд, куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат, ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро  андешида, бо аҳли зиё,  уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи харчи зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои сахту сохта, чунон ки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст.  Ҳамин буд, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8-июни соли 2007 қабул гардид. Қонуни  мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ҳамзамон  барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Барои бисёриҳо равшан аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тулонӣ дорад ва нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ  дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад. Эҳтиром ва қадрдонии урфу одат, арзишҳои миллӣ, эҳтиром ва ҷаҳонбинии динӣ ва афзалият ба ғояи шаҳрвандӣ,  ташкили давлат аз ҷумлаи хусусиятҳоест, ки давлатҳои хурду тозаистиқлолиятро дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз менамояд.            Тибқи маълумотҳои расмӣ  то қабул шудани  Қонун “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашун маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба сари ҳар як оила тахминан 30 маъракаю маросим, аз ҷумла 10-маросими азодорӣ ва 20-маъракаи хурсандӣ рост меомад.         Таҳлили аниқи баргузории ҷашну маҳракаҳои мардумӣ собит менамояд, ки ѓолиб омадани ҳирсӣ манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардида буд.

Таъиноти муҳими махракаҳо на адои вазифаҳои волидайн  дар назди фарзандон,  зоҳирпарастию худнамоӣ ва мусобиқаи беҷои соҳибони маъракаҳо маҳсуб мешуд. Бисёриҳо фикр менамоянд, ки чунин мушкилиҳо аслан оилавӣ буда, ба давлат ва ҷомеа иртиботе надорад. Аммо, ин андеша куллан нодуруст аст. Зеро саодатмандию ободии ҷомеа аз саодату ободии ҳар як шаҳрванд ва оила вобаста буда, давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбат ба чунин масъалаҳои муҳим бетаваҷҷӯҳ бошад. Аз ин лиҳоз, танзими анаъана ва ҷашну маросимҳо барои тараққиёти ҷомеа нақши хеле муассир дорад.  Мақсади қабули Қонуни мазкур, ин ҳимояи манфиатҳои  иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ мебошад. Яке аз дастовардҳои нахустин  ва назарраси умумимиллӣ дар он ифода меёбад, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ солҳои 2008-2009  тавонист манфиати мардуми кишварро ҳимоя намояд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *