Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳони муқовимат ба коррупсия мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар ҷаҳони имрўза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳияи ва татбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва чомеаи шахрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад.Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷихати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар-бар мегирад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси чаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

Рузмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳони муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ, ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба тасвиб расонидани Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия ба шумор меравад. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешиданӣ чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмуи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соха ташаккул ёфт. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, таҳти №1262 “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” қабул гардида, баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни зикргардида бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба тасвиб расид.

Инчунин бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-январи соли 2007, таҳти №143 Агентии назорати давлатаи молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шуд. Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ ва муайян кардани мансубияти ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, 20 марти соли 2008, таҳти №374 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатаи молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007, таҳти №414 “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин чиноятҳо” қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи интизомии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, дар бораи назорати давлатии молиявӣ, дар бораи прокуратура, дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва ғайра қабул ва тасдиқ гардиданд, ки ҳамаи ин санадҳои номбаршуда фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд.

Инчунин, бо мақсади андешидани чораҳои маҷмуии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдик гардид. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалахо дар самти мубориза бо коррупсия бо назардошти хулосаи таҳқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар кишвар халли худро ёфтанд. Дар доираи Стратегияи зикргардида масъалаҳои самарабахшии мубориза бо коррупсия ва оғози саривақтии парвандаҳо ва гузаронидани таҳқиқу тафтишоти парвандаҳо бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, мансубияти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, механизми муносиби идоракунӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ, ба таври электронӣ ва ба воситаи бонк ҷорӣ намудани пардохти хизматрасониҳои мақомот ва муассисаҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дар Стратегияи пешбинигардида дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор танзими худро ёфтанд.

Ба ғайр аз ин, бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 14 декабри соли 2010 Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Точикистон таъсис дода шуда, дар як вақт Низомномаи он тасдик карда шудааст. Шурои миллӣ-мақоми умумимиллии машваратии мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шахрвандӣ буда, ба ҳайати он дар баробари мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шахрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, соҳибкорон, ВАО ва дигар табақаҳои гуногуни ахолӣ шомил мебошанд. Шурои миллӣ дар иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ, Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, мониторинг ва баҳогузорӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, назорати иҷрои чорабиниҳои пешгирии коррупсия ва сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули фазоӣ токатнопазирӣ ба коррупсияро таъмин менамояд.

Бо фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августа соли 2013 таҳти №1504 Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, тасдиқ карда шуд. Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати миллии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Точикистон дар самти муқовимат ба коррупсия буда, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории зичи байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад, стратегияи нав идомаи мантикии Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 таҳти №864 буда, хислати навкардашудаи низомнок ва маҷмуй пайдо кардааст.

Айни ҳол аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия лоиҳаи нави Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 омода гардида, барои тасдиқ гардидан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Барномаи лоиҳа аз 4 фасл, 10 боб ва 197 банд иборат буда, дар он мақсад, вазифа ва принсипҳои татбиқи Стратегия, самтҳои асосӣ, механизми амалигардонӣ, мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия оварда шудаанд.

Сиёсати давлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия пеш аз ҳама бо он асос меёбад, ки чораҳои зиддикоррупсионӣ дар шакли механизми махсус тахиягардидаи маҳдудиятҳо ба фаъолияти ҳамарузаи мақомоти давлатӣ ҳамгирои карда шуда, аз тарафи онҳо мунтазам анҷом дода мешавад. Дастгирии ҷамъияти яке аз унсурҳои асосии мубориза бо коррупсия мебошад. Барои ҳамин Стратегияи чорабиниҳои ҷалби ёрии чамъиятиро чун қисми таркибии ҳама гуна чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дарбар мегирад.

Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рўзи аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳи ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба андешаи Пешвои миллат “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои кониститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар оянда низ яке аз самтҳои аввалиндарадаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқи мемонад”.

Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки коррупсия пеш аз ҳама эътибори давлату ҳокимиятро дар назди ҷомеа коҳиш дода, боиси зарари зиёди иқтисодӣ ва пастшавии нуфузи давлат дар арсаи байналмиллалӣ мегардад ва бо ҳамин роҳ ба амнияти давлату суботи ҷамъияти таҳдиди ҷиддиро ба миён меоварад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *