Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Коррупсия чун унсури манфии ҷамъият – амнияти кишвар ва минтақаро зери хатар мегузорад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Коррупсия ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои оламро фаро гирифта, дар ҳар макону замон дар сатҳи мухталиф намоён мешавад. Пӯшида нест, ки коррупсия чун унсури манфии ҷамъият, новобаста аз дараҷаи тараққиёти он, мисли худи ҷомеа хеле куҳан буда, заминаҳои пайдошавӣ ва рушди худро дорад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз 21 июли соли 1999 Фармон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба таҳкими мубориза дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» нашр гардид. Бо ин Фармон дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳое, ки ба таҳкими мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ равона гаштаанд, вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд. Пеш аз ҳама Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор гардид, ки якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ Барномаи давлатиро оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия таҳия намояд. Хотимаи мантиқии Фармони мазкур он гардид, ки Порлумони кишвар 11 декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул кард.

Дар натиҷа қонунгузории мо бори аввал бисёр масъалаҳои бо коррупсия иртиботдоштаро ба низом дароварда, мақоми ҳуқуқиашон муқаррар гардид. Қонуни мазкур муқаррар намуд, ки коррупсия – ин амали шахсе мебошад, ки ба иҷрои корҳои давлатӣ ваколатдор буда, бо истифода аз вазифа ё вобаста ба имкониятҳои мавҷуда соҳиби неъматҳои моддӣ ё манфиатҳои дигар мегардад, инчунин ба дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ истифода бурданро аз ин имтиёзҳо ё неъматҳои, ки бо роҳи ғайриқонуни дастёб шудаанд, ҳуқуқ медиҳад. Қонуни мазкур ба беҳшавии вазъи мубориза бар зидди коррупсия дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Бояд қайд кард, ки дар давраи баъди қабули қонуни мазкур бисёр санадҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои мубориза бар зидди коррупсия қабул шуда, Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Рушд соли 2004 –ум тавсияҳои худро оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия қабул намуд. Ҳолатҳои мазкур зарурати ба талаботи ин санадҳо мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро ба миён овард.

Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки 25 июли соли 2005 қабул гардидааст ва айни замон амал мекунад, аз қонуни пешина фарқи зиёд дошта, бисёр камбудиҳои онро аз байн бурдааст, яъне коррупсия – ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон    ваъда додан,таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд, муайян кард [2]. Аз ҷумла, мафҳуми «коррупсия» ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ карда, шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ ба доираи субъектони ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дохил карда шуданд.

Бори аввал ҷавобгарӣ барои қабули қарорҳои коррупсионӣ ба таври коллегиалӣ ба расмият даровардашуда муқаррар гашт, тартиб ва шакли баамалбарории чораҳои назорати молиявӣ оид ба вазъи дороии шахсони мансабдор саҳеҳтар шуда, кирдорҳои коррупсионӣ ба намудҳои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноӣ ҷудо гардиданд. Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони тиҷорат ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин бартараф намудани такрори вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ барои муқобилият бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор сохтани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин таъмини шаффофият ва ташкили назорати давлатии молиявӣ иборат мебошад.

Бо таъсис ёфтани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат ба миён омад, ки пеш аз ҳама корҳои муайяни ташкилӣ ва ҳуқуқиро баҳри фароҳам овардани шароит ва заминаҳо барои оғоз ва минбаъд идома бахшидани фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд. Бо ин мақсад таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои Қонунҳои нав ва тағйиру иловаҳо ба Қонунҳоро амалӣ намудем.

Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», «Низомномаи тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи интизомии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. «Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия» тасдиқ гардид.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», дар бораи назорати давлатии молиявӣ, дар бораи прокуратура, дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ғайра қабул ва тасдиқ гардиданд, ки ҳамаи ин санадҳои номбаршуда фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд. Итминони комил дорем, ки қонунҳо, фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд, дар татбиқ намудани қонунгузорӣ, назорати давлатии молиявӣ, амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва қонунию асоснок тафтиш намудани парвандаҳои ҷиноятӣ мусоидат менамояд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *