Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди қонунгузори ва ҳуқуқу озодиҳои инсон.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Оишаи Ҳ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолият ин нишонаи худшиносии мардум, таконбахши рушди имрӯзу ояндаи кишварамон мебошад, ки имконияти рушди минбаъдаро муҳайё намудааст. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқубунёд, дуняви, ягона ва иҷтимои ворид грдид. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун руйдоди бузурги сиёсӣ дар ҳолати камолоту рушд қарор дорад. Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субеъкти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардонд.

Даврони Истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқи инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Консититутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Яъне мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ низ дастоварди замони истиқлолият аст. Дар ин раванд мавқеи асосиро санадҳои байналмилаӣ оид ба ҳуқуқи инсон ишғол мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ нмудааст. Ҳангоми тасдиқи санадҳои байналмилаӣ пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ, урфу одат, ва анъанаҳои мардум ба эътибор гирифта мешавад.

Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ боиси ташаккули низоми қонунгузорие гардид, ки дар он инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуданд. Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иҷтимоёт, иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайра мусоидат кард. Даврони истиқлолият имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти  минбаъдаи кишварро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. .Истиқлолият ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талоши фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихию, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамадин пайвастани кишвар мебошад. Бояд мо мардуми Тоҷикистон ҳар лаҳза шукрона аз Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ кунем, ки дар таҳкими онҳо Пешвои миллат, хизмати бузургӣ таърихӣ анҷом доданд. Мақсади асосии низомӣ демократӣ дар ҷомеа пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнат ва зиндагии осуда, волояти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву сунатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамадуни башар такя мекунад.

Самараи Истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Инчуни қабули Конситутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон  6- ноябри соли 1994, ҳамчун арзишмандатарин   ва бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Яке аз дастовардҳои муҳими дигар, ки барои рушди қонунгузорӣ заминаи боэътимод гузошт, банақшагирии рушди қонунгузори аст, ки дар асоси консепсия, стратегия ва барномаҳо ба роҳ монда мешавад.

Дар даврони соҳибихтиёри истилоҳи қонунӣ миллӣ ба вуҷуд омад, ки ифодагари анъана ва табиати миллати тоҷик аст. Аз ҷумла дар ин даврон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,”  Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  қабул гардидан.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин неъмати давлату миллати тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқадам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсоз ба даст омад. Ин неъмти бузург нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзисти ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз эҳдо намуд.

Истиқлолият бузургтарин ва арзишмандтарин падидаи иҷтимоию маънавӣ, ҳидоят ба бедори ва пиндори созанда аст. Даъватест ба бунёди ояндаи дурахшон. Ин атои Эзид, самараи азму талошу муборизаҳои ҳазорсолаи ниёкон мебошад, ки пояҳои он бо муҳаббату садоқат ба ҳамдигар ба Ватан-Модар, аз маърифату ҳунару ғайрату ҳиммат ба хотири пешрафт устувор гардидааст.

Дар паҳнои таърих миллати мо аз шебу фароз ва озмоишҳои сахту сангин гузашта, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти милли, забони ноби модарӣ, илму адабёти оламгирро нигоҳ дошт. Душвортарин муаммо дар зарфи бисту нуҳ сол истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимяти Роҳбари давлат пайваста бо он машғул мешуданд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳама соҳаи хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсиони ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад. Мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ифтихор кунем, ки бисту нуҳ сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллиро ниҳода, соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон, ва Суруди миллӣ гардидем.

You May Also Like..

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *