Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад. Барои дарк кардани нақши бузурги иҷтимоиву иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», қабл аз ҳама мо бояд вазъи татбиқёбии анъана ва ҷашну маросимҳои сершумори милливу динии тоҷикон дар солҳои охирини замони шӯравӣ ва давраи то қабул шудани ин қонун дар замони истиқлолиятро ба хотир оварем. Масалан, чӣ тавре ки дар хотир дорем, дар он даврони сипаришуда анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ ба ҳадде зиёд буданд, ки мардум намедонист кадоме аз онҳоро иҷро кунад. Илова бар ин, баъзе анаъна ва ҷашну маросимҳо бо унсурҳои зиёди хурофотӣ ва бо дину фарҳанги миллии тоҷикон бегона то ҳадде олуда шуда буданд, ки аз ҳам ҷудо кардани унсурҳои худӣ ва бегона, зарурӣ ва нолозим дар таркиби онҳо хеле мушкил буд. Инчунин, аксарияти кулли анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо ба таври стихиявӣ ва бетартибона татбиқ мешуданд.

Зарурати дигари қабули қонун ин зиёдгардии маросимҳои барои фарҳанги мо бегона ба ҳисоб меравад. Чунки анъанаву маросимҳо ҷузъи фарҳанги ҳар як умумияти этникӣ ба ҳисоб рафта, миллатҳоро аз ҳам фарқ мекунонад. Ҳар як миллатро тавассути унсурҳои фарҳанги миллии худ мешиносанд. Қонун номгӯйи маросимҳои хусусияти сирф миллӣ ва динидоштаро нигоҳ дошта, аз маросимҳои характери хурофотидошта ва барои фарҳанги мо бегона даст кашид. Ҳамзамон ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст. Ҳангоми қабули қонун шахсони ваколатдор ва мутасаддӣ кӯшиш намуданд, ки анъана ва ҷашну маросимҳои характери миллӣ доштаро аз маросимҳои аз фарҳанги миллатҳои ғайр ба мо ворид гашта ҷудо намоянд. Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дар шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Анъана ва расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз омада расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо онҳо бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбанд. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ва амалӣ гаштани расму оинҳо барои аксарияти мардуми мо, ки дар ҳоли тангдастию камбағалӣ қарор доштанд, мушкилоти зиёди моливу пулиро ба миён оварда буд.

Рафъи ин мушкилот, пеш аз ҳама, зарурати танзими расму оинҳои милливу диниро тақозо менамуд. Бо назардошти ҳамин талабот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими анаъанаҳо ва ҷашну маросимҳои милливу диниро ба ҳайси яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ ба ҳисоб гирифта, тамоми саъю талоши худро дар ин самт барои қабули қонунҳои саривақтӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум равона намуд.

Инак, чандин сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули назорати риояи қонуни мазкурро ба ӯҳда дорад. Тибқи анъанаҳои милливу динии мардуми тоҷик риояи расму оинҳои динӣ барои ҳар фард мисли иҷрои муқаррароти қонунҳо ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Омили дигаре ки инсонро барои риоя намудани расму оинҳои милливу динӣ водор мекунад, таъсири сахти афкори иҷтимоӣ, муҳокима ва гуфтугӯи атрофиён мебошад. Бояд қайд намуд, ки қабули қонуни мазкур тафриқаи иҷтимоиро низ кам менамояд ва дар ҷомеа барои ҳама имконияти якхела фароҳам оварда, боиси афзун гаштани синфи миёна мегардад. Ҳамзамон ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст. Як меъёри ниҳоят муҳими Қонун ба таври ихтиёрӣ баргузор намудани маърака мебошад. Қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва натиҷаву пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии татбиқи қонун нишон медиҳад, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат ба нафъи мардум хизмат намуда, зимнан барои таъмини амнияти озуқавории ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *