Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ваҳдати миллӣ.- Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбне Зиёева М.И.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Ваҳдати миллӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” аз 2 августи соли 2011 санаи 27 июн ҳамчун рўзи ид қайд карда шуда, рўзи ғайрикорӣ дониста мешавад. Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон бисту чор сол мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи мазкур мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳилаи нав – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва рушди онҳо оғоз намоем. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда ба тамоми мардуми кишвар шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар кишвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.

Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳилаҳои гуногун омилҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии миллат ва давлатҳо шудаанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эчодкардааш рў ба завол шудаанд, вале дар тули бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид. Албатта ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишварҳои ғарбӣ ва шарқӣ низ ҷангҳои дохилӣ ва задухўрдҳою кашокашҳои ба хунрезиҳо оварда, кам набуданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки шўрўъ гардид натиҷаи тараққиёти ноҳамгуни иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф , омезиши омилҳои манфитарин аз тарафи дигар буд. Вале табиати сулҳҷуёна ва хислатҳои миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанонро, ки тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик буд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дуст муяссар гардид. Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми “миллат” бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва монанди инҳост. Зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурўҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин нигоҳ Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Дар ин муддати бисту чор сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо ре­шаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рўҳияи ватандустӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ ва маҳалгароӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории ҳаряки мо маҳсуб мешавад.

Имрўз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва бо арзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлуқа тела медиҳад. Бархўрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурўҳи далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем ва дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *