Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолият орзуву ормони деринаи миллати тоҷик.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Қаноатзода О.Р.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Милати куҳанбунёди тоҷик дар охири  асри 20 давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки ба наздики мо 30 солагии истиқлолияти онро ҳамчун ҷашни миллӣ ҷашн мегирем. Истиқлолияти давлатӣ ин дастоварди муқадастарин ва бузургтарин таърихи навини халқи тоҷик буда, дастоварди бузурги бебаҳо ва ормони чандин асраи фарзандони асилу огоҳи миллати куҳанбунёди мо мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти Роҳбарии Асосгузору сулҳу Ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доштаанд, ки имруз ба мо муяссар гаштааст, орзуви ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоxикистон ноил гардидем.

Истиқлолият ҳамчун рукни бунёди озодии инсон ва гавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо чузъи таркибии ҳасти ва ҳувияти миллати мо буд. Ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои модди ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста карданд.

Дар рукни бунёди давлати мустақил, озодии инсон ва гавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо мақомоти суди мақоми махсус дорад. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати Милли пешвои миллат Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озоди ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мебошад.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки си сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳоянд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳ парвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *