Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолияти давлатӣ – иди муқаддас мебошад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки си сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳоданд.Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Имрӯз Тоҷикистон сохибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *