Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Таъмимни амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи стратегии даврони истиқлолият.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди мардуми кишвар дар садаи ХХ ба шумор меравад.Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллӣ гардем, бо эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ва заҳмати созанда зиндагии саодатманди мардумро таъмин намоем. Дар баробари ин, Истиқлолият ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати таърихан қадимаву сарбаланд ва мутамаддини тоҷик моро вазифадор менамояд, ки барои ободиву сарсабзии кишвари азизамон содиқонаву аҳлона меҳнат кунем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва мардуми Тоҷикистон сарбаландона ба ҷо оварем. Рушди устувори давлату давлатдорӣ дар заминаи хушку холӣ ва фосилаи кӯтоҳи таърихӣ аз имкон берун буда, барои амалӣ намудани он вақт ва шароити муносиби иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур аст.

Инчунин, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат буда, дар ҳамин асос ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти олии мамлакат се ҳадафи стратегиро дар назди худ гузошта буданд, ки яке аз онҳо таъмини амнияти озуқаворӣ ба шумор меравад. Аз рўзҳои аввали пешбурди сиёсати иқтисодӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Яке аз ин чорабиниҳо тақсими беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ ба шумор меравад, ки мақсади он таъмини амнияти озуқаворӣ арзёбӣ мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 чунин таъкид карданд:

Вазифаи муҳимтарини вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, ҷавонону бонувон, аҳли зиё ва умуман, хурду бузурги мамлакат аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд.

Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *