Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Судҳои иқтисодӣ дар меҳвари истиқлолият ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ, баамалбарории адолати судӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо ва мубоҳиса”

admin Хабарҳо

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бинои он дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сохтаву  мавриди истифода қарор гирифтааст бо иқдоми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи  “Судҳои иқтисодӣ дар меҳвари истиқлолият ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ, баамалбарории  адолати   судӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо  ва мубоҳиса” доир гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ,  Маҷлиси намояндагон, Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, собиқадорони соҳа, олимони соҳаи ҳуқуқ, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд. Чорабиниро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ифтитоҳ намуда, таъкид доштанд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ дошта, азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд, заминаи асосии ободкориву кору пайкориҳои созандагӣ, нерубахши ҳаёти осоиштаи ҳамарузаи мо мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар лаҳзаҳои мушкилтарин идораи давлатро ба даст гирифта, давлатро аз вартаи фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофашон мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умед бахшиданд. Бо қадамҳои қатъӣ сулҳу осоишро таъмин карда, ҳадафҳои стратеги мамлакатро баҳри рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян ва амалӣ намуда,  имрузҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ, амалисозандаи нақшаҳои азим баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои сокинони кишвар  эътироф гардидаанд.

Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлол сохти давлатдорӣ ва самти пешбурди онро, тариқи эъмори ҷомеаи озоди демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Даврони Истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуда, бо қабули санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ ба ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, дар низоми судӣ судҳои конститутсионӣ, ҳарбӣ ва иқтисодӣ таъсис дода шуданд. Яъне судҳои иқтисодӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки даврони Истиқлоли давлатӣ дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҳокимияти судӣ ва ба таври васеъ ҷонибдорӣ намудани пешниҳодҳо вобаста ба ислоҳоти судӣ эҳсос мегардад. То ба имрӯз бо мақсади таъмини мустақилияти суд, такмили сохтори судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  Президенти мамлакат чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ (барои солҳои 2007-2010, солҳои 2011-2013, 2015-2017 ва солҳои 2019-2021) тасдиқ намуда,  дар сохтори судӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад. Дар ҷараёни  ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар баробари фаъолияти ҳокимияти судӣ таҳким бахшидани фаъолияти сохторҳои дигари давлатӣ мақсаднок шуморида, дар ин раванд, таъсиси як қатор сохторҳои давлатӣ аз ҷумла, аз тобеияти Вазорати адлия баровардани ҳокимияти судӣ, таъсиси институти   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигарҳо амалӣ гардиданд.

 

You May Also Like..

РУЙХАТИ ПАРВАНДАҲОИ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ ҚАРОР ДОШТАИ СУДИ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

1-14/24 С/И Садуллоев Хуршед Гулмуродович ҶДММ “Соро Компания” Оид ба руёнидани зарари модди ба маблағи 3 352 657 сомонӣ 04.12.23 05.03.24 С […]

Рӯзӣ 30 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Рӯзӣ 30 августи соли 2023  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *