Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Дар таълиму тарбияи фарзанд таъхир набояд.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Тайи даҳсолаҳои охир бо пешрафт ва инкишофи босуръати илму техника ва технологияи муосир шароит фароҳам омад, ки аз навтарин дастовардҳои илмӣ ва ахбори ҷаҳон огаҳ гардида, оид ба ҳаводиси ҳама манотиқи гуногуни олам маводи заруриро дастрас ва мавриди истифода қарор диҳем.

Ин раванд дар ҷаҳони муосир ба одати ҳамешагии ҳар як фард ва хусусан насли наврас табдил ёфта истодааст, ки аз рукнҳои асосии ҷаҳонишавӣ буда, пешгирии он ғайриимкон аст. Дар ин самт иттилоъ ва маводе низ дастрас мешаванд, ки ба арзишҳои милливу фарҳангии мо бегона буда, заминаи паст шудани ахлоқу одоб ва маънавиёти насли ҷавон гардида, сабабгори амалҳои зӯроварӣ, фисқу фасод, ҷиноёти гуногун ва коста гардидани шавқу рағбати онҳо ба донишандӯзӣ гаштаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ин омилҳо масъалаи таълиму тарбияро яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намудаст. Дар вохӯриву мулоқотҳои худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки дар қатори масъулияти давлат, волидон низ бояд ҳамеша дар фикри таълиму тарбияи фарзандони худ бошанд.

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада буд, ки дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавиёт масъулияти асосӣ ба дӯши падару модар аст, зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии фарзанд қарор доранд. Онҳо дунёро бо чашму дили волидайн дарк карда, муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи онҳо муайян менамоянд.

Аз ин рӯ, мавқеъ пайдо кардани оила дар ҷомеа, муносибати хуб ва хайрхоҳона доштани аҳли оила бо хешу пайвандон ва ҳамсоягон, аз тарафи фарзандон эҳтиром ва қадр кардани падару модар аз масъалаҳоеанд, ки ба фарҳанги оиладорӣ дахл дорад. Метавон гуфт, ки падару модар сутуни хонадон маҳсуб ёфта, бояд дар таълиму тарбияи фарзандон диққати доимӣ зоҳир намуда, масъулияти бештаре дошта бошанд. Боиси таассуф аст, ки то ҳол на ҳама волидайн ин масъулияти мутобиқи қонун ба уҳдагирифтаи худро ҷиддӣ эҳсос менамоянд.

Дар ҳамин радиф, гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меоянд, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд, ки  фарзанд меваи умри  одамизод аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад. Ёдовар шуда  буданд, ки  таҳлилҳои мутахассисон нишон медиҳанд, ки  солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд ва ин боиси он мегардад, ки онҳо бе назорат монда, субҳу шом дар кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ вақти худро гузаронида, ҳатто ба мактаб намераванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имконият фароҳам меорад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд. Бояд ҳар як аъзои ҷомеа нисбат ба тавлид ва тарбияи дурусти фарзанд дар назди ҷомеа, миллат, оила ва фарзанд масъулияти бештарро ҳис намуда, барои иҷрои талаботи он кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014) дар бораи соҳаи маориф чунин зикр гардидааст: «Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза изҳор медорам, ки мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».

Дар робита ба ин масъала муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Қосимзода Идигул Тағо чунин ибрози андеша намуд:

– Дар Паёми соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо диди фарох, аз нигоҳи таҳаввулоти навини ҷаҳон ва пешрафтҳои илмиву технологӣ масоили мубрам ва муҳими ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои расидан ба рушду шукуфоӣ ва даст ёфтан ба зиндагии шоистаро барои мардум тавзеҳ дод. Мо-маорифчиён дар фаъолияти  худ Паёмро сармашқи кор қарор дода, бобати амалӣ намудани нуктаҳои ба мо рабтдоштааш кӯшиш кардем. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ин омилро зимни таълиму тарбия мадди назар дошта бошем. Ҷавононро мебояд, ки дар шароити  ҷаҳонишавӣ  раҳгумзада ё фирефтаи ягон ғояи ғаразнок  нашаванд, балки чун мутахассисони варзида ба камол бирасанд ва пешрафти ҷомеаи моро тақвият бахшанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо — маорифчиён  диққати махсус дода истодаанд.

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода донишҷӯён аз ноҳияҳои гуногуну дурдасти ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд. Маҳз бо ҳидоятҳои Сарвари давлат имрӯз ҷавонон бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ рӯй овардаанд ва таваҷҷуҳи онҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, хитойӣ зиёд гардидааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки равобити иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон таҳким меёбад ва малакаю маҳорати забондонӣ барои ҳар як мутахассиси ҷавон беш аз пеш зарур мегардад. Ғамхории Сарвари давлат боис гардид, ки аксари ҷавонони боистеъдоди навоҳии дурдаст аз таҳсил дар канор намонданд.

Ғамхориҳои  Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи он кас нисбат ба ҷавонон самараи хуб овардааст. Омӯзгорони мо бо дарки масъулият ҳидояту супоришҳои Сарвари давлатро, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намуданд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *