Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқи ӯ ба ном аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода А.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст,  дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсия мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.

Дар қисми дуюми моддаи 34-и  Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили  ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару моддарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 2 августи соли 2011 таҳти рақами №762 дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст. Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад». Кӯдак дар ҳама гуна ҳолат бояд байни онҳое бошад, ки аввалин шуда, ҳифзи иҷтимоӣ мебинанду ёрӣ мегиранд, зеро ғамхории доимӣ дар ҳакқи кӯдакон шарти ногузири ҳастӣ ва рушди халқ, давлат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:

“Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд”. Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқи ӯ ба ном аст. Яъне, доштани ном кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Бинобар ин кӯдак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бетаъхир ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Падару модар уҳдадоранд ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд. Зеро гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона метавонад ба ҳолати равонии кӯдакон ва наврасон таъсири манфӣ расонад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 аз 27 июли 2016 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Пас аз таваллуд, фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

“Барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд.”Кӯдак низ ҳамчун як узви ҷудонопазири ҷомеа ва категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ дар қатори дигар калонсолон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Ин ҳуқуқ аллакай аз хурдсолии ӯ аз он лаҳзае оғоз меёбад ки ӯ аз чанд давраи эмкунӣ мегузарад, ки ин эмкунӣ бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча ва ғайра амалӣ мегардад. Баъд дар давоми наврасӣ ва ба воярасонии кӯдак падару модарро мебояд аз вазъи саломатии фарзанди хеш огоҳ бошанд ва беаҳмиятӣ зоҳир накунанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *