Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Одоб аз илм афзал аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин Қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидол оварем. Ҳар як падару модар эътибори худро дар назди фарзанд бо тарбияи хуб афзун кунонида метавонад.

Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо, ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд.

Одоб аз илм афзал аст. Пас, вазифаи аз ҳама асосии мо ин бошад, ки фарзандонамонро дар роҳи одоби хубу хулқи накӯ парвариш намоем. Муносибати фаъолонаи шаҳрвандони кишвар ба масъалаи тарбияи фарзанд баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” рӯшан ба зуҳур мерасад. Дар тамоми ташкилоту муассисаҳо баҳри амалӣ гаштани Қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда, бо дарки масъулияти баланд сиёсати давлатро ҷонибдорӣ намуда истодаанд. Ташаббуси аҳли ҷомеа, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо нисбат ба тақдири ҷомеа ва ояндаи миллат бетараф набуда, дар фикри онанд, ки насли ҷавони имрӯзаи моро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ тарбия намоянд. Дар ин росто, волидайн ва тамоми сохторҳои давлатӣ бар он муваззаф мегарданд, ки нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлат бетафовутӣ зоҳир накарда, дастаҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *