Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Имрўз масъалаи таълиму тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор рафта, ояндаи давлату миллат аз ин масъала вобастагии зич дорад. Барои ба танзим даровардан ва боз ҳам фаъол гардонидани таълиму тарбия дар байни наврасону ноболиғон,  дар таърихи 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид. Қонуни мазкур масъулияти падару модар, ҳамчунин шахсони онҳоро ивазкунандаро, барои таълиму тарбияи фарзандон, дар рўҳияи инсондўстиву ватандўстӣ, ифтихори ватандориву ватанпарварӣ, эҳтироми арзишҳои милливу фарҳангӣ ниҳоят муҳим шумурда, онҳоро вазифадор месозад, ки кўдакро ҳамчун инсони комил тарбия карда, пеш аз ҳама ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии ў аҳамияти махсус зоҳир намоянд, инчунин барои соҳиммаълумот ва соҳибкасб шуданашон кўмак намуда, ўро ба ҳаёти мустақил ва ояндаи дурахшон омода намоянд.

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки Қонуни мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз дебоча, 6 боб ва 17 модда иборат мебошад.  Дар асоси моддаи 34-и Конститутсия “Модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамоянд.” Аз моддаи мазкур бармеояд, ки давлат барои беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як модару кўдак бетараф намонда, онҳоро дастгирӣ менамояд ва барои инкишофи насли наврас мусоидат менамояд. Дар баробари ин волидайн, яъне падару модар масъуланд, ки таълиму тарбияи фарзандаро ба ўҳда гирифта, ба инкишофи мусбии рўҳияи фарзанд ғамхорӣ намоянд ва ҳамчунин фарзандони болиғу қобили меҳнат ҳам дар навбати худ вазифадор мебошанд, ки ҳангоми пирӣ ва гум кардани қобилияти кори падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда, онҳоро нигоҳубин намуда, дасти пирӣ онҳоро гирад, онҳоро ба шароити иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин намояд. Кўдаконе, ки ятиманд, маъюбанд ва бепарасторанд, давлат нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, барои пешравии ояндаи давлату миллат, таълиму тарбияи онҳоро ғанӣ мегардонад.

Яке аз мақомоти давлатие, ки ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ваколатдор мебошад, ин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Дар асоси қисми 3-и Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми марти соли 2000 №98  “кўдаконеро ки бе парастории падару модарон мондаанд, муайян намуда, онҳоро ба қайд мегиранд ва бо дарназардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парсатории волидон мондаро интихоб менамояд ва ҳамчунин, назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро таъмин менамояд.

Давлат барои ҳифзи ҳуқуҳои кўдак мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла суд, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомотро ваколатдор менамояд. Бояд зикр намуд, ки суд ягона мақомест, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо дар тамоми самтҳо адолати судиро ба амал мебарорад, аз ҷумла ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, ки агар онҳо ба ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон дахл дошта бошанд, онҳоро ҳифз менамояд.

Чи тавре ки шоири бузург мефармояд:

Тифлро аз кудакӣ омуз адаб.

В-аз камоли тарбият одам шавад.

You May Also Like..

Интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ аз худи мо вобаста аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

Ҳар шахси ҷомеапеш аз он ки ба ҳаёти мустақил қадам гузорад, бояд ҳамаҷониба омода бошад, яъне аввал хуб мулоҳизаву андеша […]

Қонуни танзим ҳимоякунандаи манфиатҳои иҷтимоии мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Фикр мекунам, соҳибдавлат будан ва мустақилияту худмухториро ба даст овардан ва ҳамзамон, дорои Конститутсияи хеш будан, барои аҳли ҷомеа ва […]

Аъмоли бадро ҷазои бад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Аз маъхазу сарчашмаҳо ва навиштаҳои адибону таърихнигорон бармеояд, ки дар давлатдории дунявӣ яке аз санад ё худ қонуни мазкур роҷеъ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *