Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҷашни фархунда ва фаромушнашаванда.-Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бо туфайли соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Точикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, ҳарбй, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо то рафт ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Истиқлолият барои ҳар як кишвар падидаи ниҳоят муқаддас ба шумор меравад. Барои ба даст овардани он ҳеҷ мушкилот сарфи назар набояд кард. Таърих собит менамояд, ки барои ноил гаштан ба Истиқлолият пойдорӣ ва рушду нумуъи он одамон чи қадар ҷоннисориҳо намудаанд. Муборизаи истиқлолиятталабон-гиромитарин фасли таърихи ҳар як кишвар аст. Агар мо ба таърихи башарият назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки замони пайдоиши нахустин давлатҳо одамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки истиқлолияти давлатии хешро ҳифз ва мустаҳкам намоянд. Зеро ҳар як давлате, ки нисбатан нерӯманд мегардид, талош бар он менамуд, ки аз ҳисоби забт намудани ҳудуди кишвари дигар ва ба даст овардани захираҳои моддию маънавӣ он инкишофи хешро таъмин намояд. Аз ин ҷост, ки муборизаи истиқлол талабона бо баробари пайдоиши давлатҳои аввалин ба вуҷуд омадаанд. Ин раванд дар шароити гуногун вобаста ба инкишофи давлату давлатдорӣ то ба замони муосир боқӣ мондааст.

Солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину мураккаб буд ва имтиҳони сахти рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби худ кашида буд. Бо вуҷуди ин ҳама монеаҳо занон аз оғози дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ аз ҷараёни иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва дар як зумра рӯйдодҳои кишвар, аз ҷумла муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби Президенти кишвар, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамчунин дар масъалаҳои ҳалъи силоҳ, оштӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ, таъмини погизагии маънавию ахлоқии ҷомеа ва гайра нақши созанда ва ибратбахш бозиданд.

Эълони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи мустақилонаи минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои аниқро ба вуҷуд овард. Ба хусус дар марҳилаҳои гуногуни ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд дар баробари иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, тағйири вазъии нсон дар сохтори муносибатҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ ба таври куллӣ ногузор мегардад. Ин ҳолат пеш аз ҳама ба оила чун рукни тиббӣ ва асосии ҷомеа таъсир мерасонад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 33) таъкид месозад, ки «Оила асоси ҷомеа буда таҳти ҳимояи давлат қарор дорад».

Бояд зикр кард, ки масъалаи аз рӯи принсипҳои ахлоқи ҷамъиятӣ ташкил ёфтану устувор гаштани никоҳ, оила ва муносибатҳои оилавӣ, дар руҳи садоқат ба Ватан, халқ, муносибати бошуурона ба заҳмати муфиди ҷамъиятӣ, тарбия кардани насли наврас эътибори махсусро таъқозо менамояд, зеро пешрафти иҷтимоии ҷомеа, таркиби сифатии аҳолӣ ба устувории оила вобастагӣ дорад.

Дар ҷаҳони имрӯза низ халқияту миллатҳое, ки ҳанӯз ба истиқлолияти хеш дастёб нагардидаанд, ҳамеша талош меварзанд ва ба ҳаргуна мушкилоту монеаҳо сар ба сар мешаванд, то дар ниҳояти кор ба истиқлолияти давлатии хеш мушарраф гарданд. Бинобар ин истиқлолият гиромитарин саҳифа дар таърихи давлат бо ҳарфҳои зарҳалин нақш баста, дар зеҳну шуури одамон ҳамчун воситаи асосии дарёфти озодӣ ва таъмини ҳуқуқу уҳдадориҳо пазируфта мешавад.

Бояд қайд намуд, ки таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла буҳронҳои иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, норасоии об, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак аз мо саъю талоши бештар ва дар ин масъала андешидани тадбирҳои заруриро тақозо мекунанд. Ибтикори мазкур раванди даҳсолаи байналмиллалии «Амалиёти об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015-ро тақвият бахшида, мақсади асосии он муҳайё сохтани механизм ва заминаи иловагӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Ин метавонад дастрасии бештари аҳолиро ба оби нӯшокӣ ва шаффофияти экологии минтақа таъмин намояд.

Дар ҳақиқат, яке аз проблеммаҳои глобалии экологие, ки имрӯз муносибати байни кишварҳоро муайян мекунад, ин таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад. Ҳанӯз зимни суханронии худ дар Форуми байналмиллалии Душанбе оид ба оби тоза, ки 29 – уми август ва 1 – уми сентиябри соли 2003 баргузор гардида буд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обро яке аз проблеммаҳои асосии сайёра номида, таъкид намуда буданд, ки «Масъалаҳое, ки асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин захираи стратегӣ, ки манбаи ҳаёт дар рӯи замин аст, иртибот доранд». Бояд зикр кард, ки об ҳамчун унсури муҳими табиат дар ҳамон давру замон дар ҳаёти инсоният нақши ҳалкунанда мебозад. 21-уми декабри соли 2016 Ассамбеляи Генералии Созони Милалии Мутаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 – ро қабул намуд, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Эълон гардидани даҳсолаи дуюми байналмиллалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати «Дарҳои боз» ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глабалӣ хусусан таъмини бо оби тозаи ошомиданӣ таваҷӯи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд.

Дар давоми даҳсолаи охир бо шарофати сиёсати «Дарҳои боз» ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, комуникатсия амалӣ шуданд, ки барои рушди устувори давлатӣ мо заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд. Дигар самти муҳим – иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили байналмиллалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардҳои мо чашмрасанд. Аз ҷумла чандин ташаббуси кишвари мо, бахусус дар ҳалу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд. Сиёсати «Дарҳои боз» ба мо имкондод, ки доираи робитаҳоро бо кишварҳои хориҷӣ васеъ намуда, сафи ҳамёрони анъанавӣ ва доими амонро афзоиш диҳем. Дар ин раванд корҳои зиёде дар пешанд ва дипломатияи иқтисодии мо бояд нақши фаъолтар дошта бошад. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ, минтақавӣ, иниститутҳои молиявии ҷаҳонӣ сарфиназар аз дастовардҳои қаблӣ, мунсибати ҷиддитар ва назари фарохтарро тақозо дорад.

Мо бояд иқтидори бузурги ин созмонҳоро баэътибор гирифта, низоми самараноки ҳамкорию ҳамёриро ба роҳ монем. Дар ин маврид ба эътибор гирифтани вазъи тагйирпазири ҷаҳон ва бархӯрди манфиатҳо, тавозуни қувваҳо ва дигар зуҳурот, ки ба равандҳои ҷаҳонӣ таъсир гузор мебошанд, дар ҳамоҳангӣ бо манфиатҳои миллии кишвари мо зарураст. Халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба ҷаҳониён исбот намоянд, ки вай миллати куҳан ва дорои фарҳангӣ бойи қадима мебошад. Дар мамлакатҳои на танҳо оташи ҷангхо ва бӯҳрони калони умумӣ паси саршуд, инчунин Тоҷикистон рӯ ба тарақӣ ниҳода, эътирофи кулли кишварҳои ҷаҳон гардид.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *