Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Сардори шуъбаи коргузори ва назоратӣ суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдураҳимзода М.Н.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврўз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Қобили зикр аст, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар даврони самараи истиқлоият буд мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Прензиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд карданд ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ  ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Ин ҳадафҳо, дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла тамоми хизматчиёни давлатӣ, инчунин, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ҳар як фарди бонангу номуси кишварро вазифадор месозанд, ки дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон сарҷамъу муттаҳид бошем.  Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест.

Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъиро талаб дорад.Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *