Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забон-ҳастии миллат.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода А.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Забони модарӣ аз зумраи забонҳои пурқудрат аст, ки ҳастии тоҷиконро чун миллати сарбаланду мутамаддин тақвият медиҳад. Осори ниёгон, хусусан, рисолаи фарҳангӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ тибқи забон иншо гардида, ба ниҳонхонаи таърих дохил мешаванд ва ҳазорсолаҳо боз барои рушду равнақ ва тараққии ҷомеа хизмат менамоянд. Барои миллат ё мардум бо ҳама шукуҳу шаҳомат, расму анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ, биниш ва ғайра дар забони зиндаи худ аксандозӣ мекунад. Дар баробари ин, забони халқро надониста, ӯро шинохтан мушкил аст. Донистани ҳар як забон барои инсон дорулфунунест, ки назир надорад. Меҳру муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи ватандӯстӣ аст ва шахсе, ки забонро поймол мекунаду ба он ҳурмат надорад ва нисбат ба он дағалӣ карда наомӯхтааст, ба халқу Ватан эҳтирому арҷгузорӣ надорад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем».

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ имрӯз ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад. Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Аврупо, мамолики Араб, Туркия ва ғайра асолату шириниҳои маҳз лафзи тоҷикиро ба самъи оламиён мерасонад. Ин боис шудааст, ки майлу рағбати хориҷиён ба омӯхтану донистани забони тоҷикӣ зиёд шавад. Ҳоло забони тоҷикӣ на фақат дар чандин донишгоҳи Амрико, Олмон ва дигар кишварҳо таълим дода мешавад, балки дар марказҳое, ки дар назди мактабҳои олии шаҳри Душанбе ва ташкилоту созмонҳо фаъолият менамоянд, низ омӯхта мешавад.

Соҳибони аслии забони тоҷикӣ забонро ҳамаҷониба сайқал дода, амсоли оина мусаффо гардонидаанд. Забони тоҷикӣ дар қарнҳои гузашта шуҳрати оламгир доштааст. Тавонманду пурғановат будани забон аз соҳибони аслии он масъулияти баланд тақозо мекунад. Дӯст доштани арзишҳои миллӣ, ба вижа, забон масъулияти соҳибони аслии онро дучанд намуда, барои поку бегазанд ва ҳамаҷониба ҳифз кардани дигар муқаддасоти миллӣ омили асосӣ шуда метавонад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Мову шумо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз ин мероси бузурги аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, қадру қимати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем. Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем.

Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ дар ҳуҷҷати олитарини ҳуқуқӣ-Конститутсия ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шуда, ки тағйирнопазир аст. Соҳибзабонони бофазлу куҳантаърихи мо ба ин тавассут забонро аз доираи муҳити хонаводагӣ берун кашида, онро ба забони умумимиллӣ табдил доданд, ки дар сарҳалқаи ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ин шахсияти воқеан таърихӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон аз рӯзи ба арсаи сиёсат ворид шуданашон ба эъмори давлати миллии тоҷикон камари ҳимат бастанд ва муваффақ шуданд.

Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки «Мо агар қадру манзалати Ватан, миллат ва забони худро ба таври амиқ дарк насозем, зарурати густариши худшиносию худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистонро пайваста таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем».

Бинобар, ба таъкиду ишораҳои ҳакимонаи Пешвои миллат гӯши ҷон дода, зиракии сиёсиро дучанд намуда, манофеи миллию давлатиро аз манофеи шахсӣ боло дониста, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, дар соҳаи забон ҳамаҷониба дастгирӣ кунем, ва забонро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз намоем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *