Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забони тоҷикӣ –забони фарҳангии ориёӣ.-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Аз қадиммулаём маълум аст, ки ҳар як давлату миллатро бо забони хеш мешиносанд. Забон нишонаи пойдории давлату миллат аст. Забондонӣ ин арҷгузорӣ ва ҳурмату эҳтиром ба халқу миллат ва яке аз нишонаҳои Ватандўстиву Ватандорӣ  ба шумор меравад. Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари ҷон пайдо шудан дар бадан пайдо мешавад. Забони тоҷикӣ ин забони баландҳиммат, дилчаспу гуворо, ки чандин шахсони бузургвор ба монанди Рўдакию Саъди, Ҳофизу Xомӣ ва Бедилу Низомӣ ҳарф гуфтанд, мебошад. Бояд гуфт, ки ин забон чун забону муқаддасу ширинбахш, таърихи беш аз 6 000 сола дорад.  Яке аз далели бузургдошти забони модарӣ, ин шеърҳои пурмазмун ва гуворои Рўдакӣ ва дигар шоирону нависандагони забардасти мардуми тоҷик аст.

Мо насли имрўза ифтихор аз он мекунем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар таърихи 21 феврали соли 2002 бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид, ин санаи мазкур, чун Рўзи байналмиллалии забони модарӣ пазируфта шуд.  Ҳамчунин дар таърихи 22 июли соли 1989 бо қарори Шўрои Олии Xумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ-забони тоҷикӣ эълон гардид.  Санаи 05 октябри соли 2009 таҳти      № 553 Rонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки то имрўз ин сана ҳамчун иди касбӣ, Рўзи забони модарӣ эътироф гардид.

То ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст у,

То забондор аст, бисер аст у.

Мо тоҷикзодагон, ҳамеша аз пайи кўшиши онем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем.

Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Шахсе, ки забони хешро мефаҳмаду дарк мекунаду бо ин забон ҳарф мезанад, барои вай шахс омўхани дигар забонҳо барои вай шахс низ осон мегардад. Сарчашмаи донистани дигар забонҳо ин пеш аз ҳама забони модарист, касе ки аз забони модариаш баҳравар аст, омўхтани дигар забоиҳо барояш осонтар мегардад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *