Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забондонӣ ба волоӣ расонад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад.
Касе к-у беш омўзад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.

Забони тоҷикӣ, ки дар Эрон Форсӣ, ва дар Афғонистон Дарӣ номида мешавад забони тоҷикӣ, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон,Эрон ва Афғонистон аст ва дар Ӯзбекистон забони аксарияти тоҷикзабонони Узбекистон мебошад. Забони тоҷикӣ  ба хонаводаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад. Ба забони тоҷикӣ зиёда аз 44 миллион нафар инсонҳои олам ҳарф мезананд. Забони точикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузурги форсу тоҷик ба монанди А.Рӯдакӣ, А.Фирдавcӣ, У.Хайём, Сино, А.Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Саъдӣ,  С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода ва дигар шоирону нависандагон асарҳо эҷод кардаанд. Забони точикӣ диққати олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони форсӣ-точикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва Садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид мешаванд. Забони тоҷикӣ забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳалли дар бархе аз ноҳияҳои кишвари Ӯзбекистон ба ҳайси забони модарии xеш мешиносанд ва ҳамчун воситайи гуфтугузори ҳарруза истифода мебаранд. Бо забони тоҷикӣ инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон ҳарф мезананд. Тайи солҳойи охир забони тоҷикиро аз муҳочирони миллаташон тоҷик дар гушаҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан Руссия, дар шаҳрҳои Эрон, Туркия, мамолики Иттиҳоди Аврупо ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Канада шунидан мумкин аст. «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рӯ бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар қатори омухтани забони миллати хеш омӯхтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахоҳад буд. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омӯзад. Рӯзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофарогат эҳсос намояд. Имрузҳо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни чаҳонӣ омухта мешавад. Имрузҳо тифли дилбанди фарди точик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, соҳибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва ќавми тоҷик манфиати хуб меорад. Имрузҳо дар чумҳурии азизамон сафоратхонаҳои зиёди давлатҳои дунё арзи ҳастӣ доранд, ки ҳамкориҳои байналхалќии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо чонибдорӣ мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономузиву забондонӣ ва робитаҳои зиёди давлатҳо огаҳӣ медихад. Забондонист, ки имрӯзҳо фардияти тоҷик бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстӣ дорад. Ба сафарҳо мебарояд. Мусиқии мардуми тоҷикро ҷаҳониён гӯш меандозанд, ҳаловат мебаранд. Фарзанди миллати тоҷик кормандони бузурги давлатҳои тараќќикардаи дунёанд.

Хар кас ба забони худ сухандон гардад,
Дониспгани сад забон осон гардад.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *