Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон раҳнамои рушди давлатдории миллӣ аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Чун анаъана Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошта, дар доираҳои сиёсӣ онро ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд. Ҳамзамон, паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти як ҳуҷҷати сиёсиро доро аст, ки бо воситаи он мавқеи сарвари давлат оид ба самтҳои гуногуни сиесати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷомеа муаррифӣ мешавад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст,ки нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиесати муосири давлат хеле бузург аст. Аҳамияти дигари Паёми солонаи Президент аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат  нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегарданд; самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда мешаванд; идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад; самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.Яке аз хусусиятҳои муҳими  Паёми навбатии роҳбари давлат аз иборат буд, дар он ҷанбаҳои геополитикӣ, геоиқтисодӣ, геофарҳангӣ ва геостратегии сиесати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Дар паём вобаста оид ба масъалаои мубрами ҷаҳонва инчунин точикистон, ки асоси ташакул ва пешрафти Тоҷикистон ва нақши он дар ҷомеаи ҷаҳониро дар паёми дарҷ шудааст.

Роҳбари Тоҷикистон ҳукумати кишварро муваззаф намуд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.Мувофиқи нуктаҳои Паёми навбатӣ сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик ба се самти асосӣ —ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо равона мегардад. Минбаъд, роҳбарони сохтору мақомотиҳои давлатии Тоҷикистон доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи “ашёи хом — истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ — дарёфти бозори фурӯш” тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ин ибтикори Пешвои миллатро як қадами қавие  дар  расидан ба ҳадафи  чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии иқтисодиёти кишвар ҳисобидан лозим аст.

Ҷанбаи геофарҳангӣ: бо назардошти аҳамияти ҷаҳонии мероси илмию фарҳангии тоҷикон, Президенти кишвар ба олимону донишмандони мо муроҷиат намуда, таъкид менамоянд, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва ҳар шаҳрванди баномуси тоҷик вазифадор аст , ки ба он арҷ гузошта, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро мавриди омӯзиш қарор диҳад ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намояд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ, махусус қайд менамоянд, ки “дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.”Бешубҳа, тоҷикон миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаи худ ифтихор намояд. Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ, бояд яке аз муҳимтарин вазифаҳои наслҳои имруза ва ояндаи  тоҷикон бошад. Аз ин ру бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки баргузории ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти бузурги геофарҳангӣ дошта, намунаи муваффақ барои ба оламиён муаррифӣ кардани мероси фарҳангии тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *