Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паём-эҳёгари рушди иқтисодиёту иҷтимоиётва шукуфоии давлату миллати тоҷик.-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар таърихи 26 январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Xумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.  Дар паёми мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилшуда, инчунин ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуданд, ки он ҳамчун эҳёгар ва раҳнамои тамоми соҳаҳои ҷамъият, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ  ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воқеан ҳам Xашни таърихӣ пазируфта шуд, зеро имсол дар саросари кишварамон, Xашни бузурги таърихӣ, яъне Xашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ истиқбол гардид.

Чи тавре, ки аз Паём бармеояд, дар давоми соли 2020-ум вобаста ба паҳншавии бемории сироятии Коронавируси Ковид 19, аз ҷониби Ҳукумати кишварамон, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоюлҳои мусбӣ нигоҳ дошта шуданд. Дар Паёми навбатӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар вобаста ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир намуда, барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад. Дар баробари ин,  Ҳукумати кишвар уҳдадор карда шуд, ки нафақаи ятимонро аз 20 фоиз то 50 фоиз зиёд намуда, се мактаб-интерати Президентӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанберо бунёд намояд. Қайд кардан зарур аст, ки дар асоси Паёмҳои қаблии Пешвои муаззами миллат бо фармонҳои Президенти Xумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, се барномаи он татбиқ гардид ва барномаи чорум бошад, дар мавриди татбиқ қарор дорад.

Хусусан, барои амалигардонии Нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои  барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 соли 2020 бо мақсади танзими баъзе масъалаҳои мурофиавӣ, ба монанди такмил додани тартиби даъвати шахсони иштироккунандаи парванда, баррасии парандаҳо дар суди марҳиллаи кассатсиониву назоратӣ, пешгирии кашолёбии баррасии парвандаҳои иқтисодӣ ду лоиҳаҳои Қонуни Xумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Xумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва пешниҳод гардид, ки онҳо аз ҷониби ҳокимияти  қонунгузор дастгирӣ ёфта, мавриди амал қарор дода шуд. Паёми мазкур барои роҳбарият, судяҳо ва  кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ сармашқи фаъоляташон гардид. Барои мукаммалгардонии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, ҳамчунин ривоҷу равнақ додани сатҳи дониши аҳолӣ, мо ҷавонон бояд аз Паёму дастурҳои Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолиятамон қарор дода, барои ояндасозии насли наврас ҳамеша саҳмгузор бошем. Паём, ин дарс аст, ин чароғи раҳнамоест, ки моро ба ҳамдиливу ҳамбастагӣ, Ватандустиву Ватанпарварӣ ҳидоят менамояд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *