Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба саноатикунонии давлат.-Нозир референти суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шехов С.А.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Вазифаи асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо нерӯи барқ буда, он бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди нерӯи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати “Барқи Тоҷик” ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки дар баробари густариш додани иҷрои корҳои асосӣ дар ин самт, бо мақсади паст намудани талафоти нерӯи барқ баҳисобгирии истифодаи онро дақиқ ва қатъӣ назорат намоянд. Дар ин раванд, фаромӯш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба нерӯи барқ торафт меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ масъалаи каммасраф будани онҳо ба инобат гирифта шуда, ба истифодабарандагони нерӯи барқ маърифати сарфаю сариштакорӣ ҳарчи бештар ташвиқ карда шавад.

Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем. То ба имрӯз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд. Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Сохтмони се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Бунёди корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат идомаи мантиқии ин раванди созанда мебошад. Бояд зикр намуд, ки барои бунёду ба кор андохтани корхонаву коргоҳҳои саноатии зикршуда ва ду корхонаи нави сементбарорӣ, дар маҷмӯъ, ҳафтуним миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст. Корхонаҳои нави сементбарорӣ имкон медиҳанд, ки ҳаҷми солонаи истеҳсоли семент то 4,5 миллион тонна ё нисбат ба соли 2000-ум 82 баробар афзуда, дар баробари пурра қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ба ин намуди масолеҳи сохтмон, содироти он низ афзоиш дода шавад.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ таҷдиду барқарорсозии навбати аввали корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ оғоз шуд, ки навбати аввали он моҳи феврали соли 2018 ба истифода супорида шуд. Дар се соли оянда корхона пурра ба кор даромада, 300 ҳазор тонна аммиак, 500 ҳазор тонна карбамид, дар маҷмӯъ, 800 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол хоҳад кард. Яъне талаботи соҳаи кишоварзӣ ба нуриҳои азотӣ пурра қонеъ гардонида шуда, содироти он ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *