Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

admin Чорабиниҳо

26 нояби соли 2021 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи кормандони мақомоти судӣ   ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда оғоз намуда кормандонро ба муносибати таҷлили иди касбии кормандони мақомоти судӣ муборакбод намуда, вобаста ба таърихи таҷлили рузи кормндони мақомоти судӣ дар санаи 26 нояб ва аҳамияти таърихии ин санаи ҳамчунин доир ба пайдоиш ва ташаккули низоми судҳои иқтисодӣ дар ҷумҳури тоҷикистон суханрони намуданд.

Қайд гардид, ки нақш ва мақоми ҳокимияти судӣ дар идоракунии давлатӣ аҳмияти муҳимро доро мебошад. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо амал карда, ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд”. Судҳои иқтисодӣ меваи даврони истиқлолият мебошад, ки дар давраҳои муайяни таърихӣ инкишофи худро ёфтааст.

Дар фарҷом барои фаъолияти босамар ва иштироки намунавӣ дар ҳаёти ҷамъиятии судҳои иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳо ва кормандолни судҳои иқтисоди аз ҷониби роҳбарияти суд бо “Ифтихорномаи фахрӣ” ва “Ифтихорнома”-ҳо сарфароз гардонида шуданд.

You May Also Like..

Тарзи истифодабари ва коркарди ҳуҷҷатҳо бо мақсади гузаштан ба низоми коргузории электронӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *