Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Танзими анъана ва ҷашну маросим нишонаи пешравии давлату миллат:-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мувофиқи  моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.

Иҷтимоиёт гуфта, ин пеш аз ҳама шароити зиндагии мардум, инкишофи ҷомеа ва рушди иқтисодиёти он фаҳмида мешавад. Дар ин асно, бояд зикр кард, ки ин се мафҳум аз фарҳангу маданияти худи мардум низ вобастагии калон дорад. Сарфакорона истифода бурдани неъмат, ин яке аз рукнҳои фарҳангии мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз замонҳои пеш то ба имрӯз дар мафкураи онҳо боқӣ мондааст.

Танзими анъана ва ҷашну маросим яке аз нишонаи пешравии давлату миллат маҳсуб ёфта, дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши арзанда мебозад, аз ин лиҳоз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи 8 июни соли 2007 №272 қабул гардид. Қонуни мазкур воситаи таъсиррасонӣ ба рушду нумӯи иҷтимоиёти мардуми кишвари азизамон, аҳамияти хоса дорад.

Дар дебочаи қонуни ёдрасшуда оварда шудааст, ки Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Яъне мақсади асосии қабули Қонуни мазкур, ин паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани шарту шароити зиндагӣ ва рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз баландравии мафкураи миллати тоҷик дарак медиҳад.

Баракати зиндагӣ аз аъзоҳои оила вобастагӣ дорад. Дар оила ва миллате, ки дар он сарфакориву сарфаҷуӣ ҷой дорад, намунаи ибрати дигар мардуми дунё мегардад.

Яке аз роҳҳои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум ин дар байни онҳо, аз ҷониби шахсони масъул гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шумор рафта, онҳоро ба сарфакориву сариштакорӣ ҳидоят намудан аст.

Сарчашмаи баракати тамоми зиндагии ҳар як аъзои оила ин сарфакорӣ мебошад.

You May Also Like..

НЕЪМАТИ БЕБАҲО.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳотамзода Ш.С.

Тавре маълум аст, бадхоҳони миллати тоҷик дар оғози истиқлоли давлатӣ бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ халқи тоҷикро […]

Ҳалли баҳсҳое, ки аз муносибати шартномаи ҳамкорӣ оид ба сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бармеоянд, тобеъияти судӣ ва мушкилотҳои дар ин самт ҷойдошта.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Мувофиқи моддаи 2 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ аз дуруст ва сари вақт баррасӣ ва ҳал […]

Забони тоҷикӣ забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҳисоб меравад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост.  Бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *