Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мизи мудаввар доир ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

admin Баромадҳо, Суханроониҳо, Чорабиниҳо

Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст.

Бо ин суханҳо имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва дурусти бандҳои Нақшаи чорабиниҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум солҳои 2021 – 2022, мизи мудаввар доир гардид.

Кори мизи мудавварро муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир оғоз бахшида, диққати иштирокчиёнро барои андешидани тадбирҳо бобати иҷрои саривақтӣ ва босифати Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия ҷалб намуда, қайд намуданд, ки бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи дохилиидоравии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Нақшаи чорабиниҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста он қабул гардидааст.

Инчунин қайд гардид, ки бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба пайдоиши омилҳои коррупсионӣ, ошкор ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки ба омилҳои коррупсионӣ шароит фароҳам меоранд чораҳои дахлдори дар қонун пешбинигардидаро андешида, иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия ба пуррагӣ таъмин намуда, бо натиҷаи ҷамъбасти ҳар сол ҷиҳати пешниҳоди маълумоти дақиқи сохтори судҳои иқтисодӣ ба Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намоянд.

Дар идомаи мизи мудаввар сарнозири Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Абдукарим Асрориён баромад намуда, доир ба  мукаммал гардонидани Стратегияи кабулшуда, иҷрои нақша чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ва камбудиҳое, ки дар раванди иҷрои нақша чорабинишҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ба миён омад ва иҷроиши онҳо дар нақша чорабиниҳои Стратегияи навқабулшуда ба инобат гирифта шуд, маърӯза намуд.

You May Also Like..

Душанбе шаҳри гулбезу дилорост:Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

 Душанбе – қалби Тоҷикистони азиз аст ва дар давоми наздик ба панҷ соли охир, дақиқтараш дар марҳилаи роҳбарии Раиси ҷавону […]

Мубориза зидди фасод – кори ҳамагон аст.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сисаёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он райъи қавии сиёсӣ, ташаккули […]

Таърихи пайдоиш ва рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи муқаддаси худ қарор медиҳад ва дар ин […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *