Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Тарзи истифодабари ва коркарди ҳуҷҷатҳо бо мақсади гузаштан ба низоми коргузории электронӣ

admin Чорабиниҳо

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2021 бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе машғулияти семинарӣ доир гардид.

Дар семинари машғулияти бо мақсади иҷрои банди 16 нақша чорабиниҳои суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ба роҳ мондани дарсҳои омӯзишӣ, ҷиҳати тарзи истифодабариӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳо бо мақсади гузаштан ба низоми коргузории судӣ электронӣ дар судҳои иқтисодӣ” сармутахассиси шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникӣ Ғоибов Ғоиб дар мавзӯи “Ба тариқи электони мубодилаи ҳуҷҷатҳо дар Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои поёни” баромад намуд.

Саравал қайд карда шуд, ки ба тариқи электонӣ мубодилаи ҳуҷҷатҳо яке аз марҳилаи асосии татбиқи Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асосҳои ҳуқуқии он ва усулҳои мубодилаи электронии коргузорӣ тавассути шабакаи ягонаи байниидоравии мақомоти давлатӣ марҳила ба марҳила ҷори шуда истодааст. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ситемаи байниидоравии мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо  пайвас гардидааст, ки мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳоро байни вазорату идораҳои давлатӣ таъмин менамояд.

Дар идома бо кормандон  доир ба мубодилаи элетронии ҳуҷҷатҳо ба воситаи почтаҳои электронӣ омӯзиш гузаронида шуд ва таъкид гардид, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки бо мақсади таъмини баррасии саривақтии парвандаҳои иқтисодӣ ва риояи дақиқи муқаррароти моддаҳои 124, 134 ва 135 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо ба судҳои иқтисодӣ дар ариза, аризаҳои даъвогӣ, шикоятҳо ва дархостҳо суроғаҳои почтаҳои электронии шикояткунандагонро  ба таври ҳатмӣ талаб намоянд то дар раванди баррасии парвандаҳо мубодилаи саривақтии ҳуҷҷатҳоро ба воситаи почтаҳои электрони ба роҳ монанд.

You May Also Like..

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *