Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таърихи пайдоиш ва рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи муқаддаси худ қарор медиҳад ва дар ин сурат давлати ҳуқуқбунёдро бе таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти судӣ тасаввур кардан имконнопазир мебошад, ҳол он ки худи давлат дар марҳилаи таърихии инкишофи худ қарор дорад ва аз ин рў бояд қайд кард ки муносибатҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама ба танзими қонунӣ ва кафолати ҳифзи судӣ ниёз дорад.

Дар асоси Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, ки тибқи қонунгузорӣ ҳуқуҳояшон поймол гардидаанд, ҳифз намуда, адолатро дар тамоми самтҳо дар байни мардум ва дар асоси қонунгузории мамлакат, ҳамчунин дар асоси санадҳои байналмилланлие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҷорӣ менамояд.

Таърихи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомоти судӣ чун шохаи мустаъқил дар идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода, барои рушду равнақи давлату миллат ва барои пешрафти ҷомеа нақши намоёнро ишғол менамояд.  Ҳокимяти судӣ ягона мақомотест, ки ба тамоми баҳсу мунозираҳо ва гунаҳгорию бегуноҳии субъектони муносибатҳо нуқтаи одилона мегузорад.  Ҳокимияти судӣ дар даврони истиқлолият дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ, барқарорсозии адолат дар масъалаҳои гуногуни ҷамъиятӣ бо роҳи таҳия ва тасдиқи пайдарпайи қонунгузорӣ дар кишварамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақши муассир дошт.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, ҳамчунин мукаммал намудани қонунҳо дар асоси Паёмҳо ва бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз 23 июни соли 2007 № 271; барои солҳои 2011-2013, аз 3 январи соли 2011 № 976; барои солҳои 2015-2017, аз 5 январи соли 2015 № 327 ва барои солҳои 2019-2021, аз 19 апрели соли 2019 № 1242  қабул     гардиданд.

Вазифаи судя ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ, ки давлат ва ҷомеа ба ў ин вазифаи пуршарафро созовор донистаанд, таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад.Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Муҳлати ваколати судяҳо 10 солро ташкил медиҳад.

Имрўзҳо бо вуҷуди такмил ёфтани  самти қонунгузории мамлакат ва мутобиқгардонии он ба ҷомеаи муосир, гувоҳии он аст, барои мақомоти ҳокимияти судӣ ва дигар мақомотҳои давлатӣ таъсири бениҳият мусбии хешро мерасонад. Барои пешгирии ноадолати дар байни мардум ва ҳифз намудани ҳуқуқҳои онҳо аз тамоми ноадолативу амалҳои ғайриқонунӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти суд ба ҳисоб рафта,  барои ба танзим даровардани ҳаёти ҷамъияти равона гардидааст. Бо ин мақсад қонунгузории мамлакат бо тамоми нозукиҳояш аз ҷониби кормандони суд, хусусан судяҳо омухта шуда, дар амал барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон татбиқ мегарданд, ки барои манфиати ҷомеа ва давлат нақши арзанда мебозад.

You May Also Like..

Хатари умумиҷаҳонии экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Шукргузор аз онем, ки имрўз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, […]

Тагйиру иловаҳои қонуни танзим ба манфиати худи мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми тагйиру иловаҳои ба Қонуни танзим воридгашта комилан барои ҳимояи манфиатҳои худи аҳолии кишвар равона […]

Дар амалӣ сохтани нишондоду муҳтавои қонуни танзим ташаббускорӣ хоҳем намуд.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.Р.

Дар тақвияти афкору андешоти ҳамрамақони хеш, ки дар ҳамин шумораи нашрияи «Паёми Душанбе» интишор мегардад, каминаи камтарин гуфтаниам, ки тағйироти […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *