Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Душанбе шаҳри гулбезу дилорост.-Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

 Душанбе – қалби Тоҷикистони азиз аст ва дар давоми наздик ба панҷ соли охир, дақиқтараш дар марҳилаи роҳбарии Раиси ҷавону ташаббускор-муҳтарам Рустами Эмомалӣ воқеъан ҳам, симои худро ба куллӣ дигар кард.

Имрӯз ин шаҳри дилоро ба гулистони назаррабо шабоҳат дорад. Рӯзу шаби он яксон-зебо, хушоянд, хотирафрӯз ва дилписанд аст. Ҳар як меҳмони ба пойтахти мо омадаро ҳусну зебоиҳое гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ хушҳолу мафтун мекунанд. Бошандагони шаҳр ҳам масъулияти дар назди Ватан, таърих ва вақт доштаи худро хубтар эҳсос мекардагӣ шуданд. Роҳбарияти ҳар  чаҳор ноҳияи пойтахт кӯшиш мекунанд, ки дар ободкориҳо ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

Аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳам дар ин сабқати ободкориву ватансозӣ ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд. Мо шоҳиди ин созандагиҳо ҳастем. Дар пеши чашми мо ҳар рӯз як навигарӣ ва рӯйдоди фараҳбахш ба амл меояд.

Дар мавзӯи тирғиби варзиш ва ҳаёти солим ҳам корҳои назаррас анҷом дода шуд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия, маҳалла ва шаҳраке нест, ки майдончаи варзишӣ ва маркази бозии кӯдакону наврасон надошта бошад. Илова ба ин, сабзу хуррамкардани кӯчаю хиёбонҳои ҳудуди ноҳия ҳам босаръат идома дорад. Ҳар сол дар қади роҳ ва гулгаштҳо гулҳои мавсимии ороишӣ ва лолаҳо корида мешавад. Роҳҳои асосии ҳудуди ноҳия ҳам васеъ ва мумфарш карда мешаванд, ки дидани он баҳри дили касро мекушояд.  Ба хоири тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва афзудани ҳисси ватанпарастӣ ва табиатдӯстии сокинону меҳмонони пойтахт қад-қади шаҳрҳои ноҳия, дар ҷойҳои муносиб тимсолу сурати ашёи гуногун ва ҳайвоноту паррандагон гузошта шудааст. Ҳунси ҳар як шаҳр пеш аз ҳама биноҳои баландошёна аст. Хушбахтона дар давоми се соли гузашта дар ҳудуди ноҳия даҳҳо бинои серқабатаи истиқоматии хуштар ва назаррабо сохта шуд. Ва ин кори хайру савоб имрӯз ҳам идома дорад. Шаҳрвандони ватандӯст ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳаматрафа дастгирӣ карда дар ободкориҳо ҳиссаи худро мегузоранд. Рангубор кардани биноҳои истиқоматии ҳудуди ноҳия ба ҳусну зебоии шаҳраку маҳаллаҳо ҳусни нав зам кард.

Замона талаб мекунад, ки мо корҳои оғозкардаи Ҳукумати мамлакат ва Роҳбари шаҳри Душанберо идома диҳае. Ҳар қадар, ки пойтахт зебою шукуҳмандтар гардад, ба ҳамон андоза, обрӯи давлат ва хақи мо зиёдтар мешавад, зеро меҳмонон ба миллату давлати мо аз симои пойтахт баҳо медиҳад.

Душанбе маснади бахти миллати тоҷик ва умедгоҳи тоҷикони ҷаҳон аст. Дӯст доштан ва дар пайи ободкориҳои ин шаҳри гулобод будан, далели ватандӯст, худшинос ва намакшинос будани инсон аст. Имрӯзҳо, ки бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои нек идома доранд, ҳамаи мо ҳамчун фарзандони бузурги миллат, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, ки бо ҷидду ҷаҳд ва фидокорӣ дар олами адабу ҳунар ва сиёсат комёб шудаанд, илҳомбахши мо ҳастанд.

Шоири тоҷик барҳақ чунин фармудааст:

Ту шаҳри санъату шаҳри сухандонӣ,

Ту фарҳанги забони Тоҷикистонӣ

Туро ҳар нақш чун нақши сухан барҷост,

Ва тарҳат тарҳи ҳайкалҳои шоирҳост.

 

Бале дар маҷмӯъ, ҷиҳати таъмини сарсабзии минтақаҳои ноҳияиҳои шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳу баҳор дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба миқдори 113297 бех ниҳол, аз ҷумла 63224 бех ороишӣ, 20004 бех сояафкан, 7059 бех мевадиҳанда, 23010 бех буттагӣ шинонидашуда, дар майдони 166, 9 ҳазор мети мураббаъ майсазор кишт ва 9, 5 миллион дона гул шинонида шуд. Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир ба миқдори 7218бех дарахтониороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид ва дар мавзеъҳои муайян шинонида шуд. Ва тибқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 тасдиқ шудааст, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе тайи ҳафт соли оянда ба яке аз шаҳрҳои тараққикарда  ва муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир мубаддал хоҳад гардид.

Нишондодҳо гувоҳи онанд, ки раҳбарияти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хосса, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи татбиқи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба корҳои ободонеию созандагӣ тақвият бахшида, ба ин васила ҷалби сайёҳон ва меҳмонон бештар гашта, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои ободу шукуфон  ва  сайёҳии экологӣ мубаддал гашта, сархати таваҷҷуҳи  сайёҳон қарор мегирад

Биёед, баҳри боз ҳам гул-гулшукуфонии шаҳри дилорои хеш боз ҳам бештар ҷаҳду талош варзем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *