Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Мубориза зидди фасод – кори ҳамагон аст.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сисаёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосии мувафақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, аз ҷавонон умед ба ояндаи некро мегирад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз некӯаҳволие, ки ба онҳо тибқи ҳуқуқҳояшон мансуб аст, маҳрум месозад.

Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавбгӯй қабулшуда, ниҳоди махсус гардонидашудаи давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ – Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия таъсис дода шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишварест, ки аз лаҳзаи таъсиси Шабакаи зидди коррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд (соли 2003) узви он мебошад.

Барномарезии давлатии мубориза ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. Қобили қайд аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020″ ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зидди коррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст. Назорати иҷрои”Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аслан ба зиммаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузошта шуда, ин ниҳод вазифадор гардидааст, ки аз натиҷаҳои мониторинги маҷмӯии ҳолати иҷрои он ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд. Дар баробари ин дар баъзе ҳолатҳо баъзе камбудиҳо дида мешаванд. Аз ҷумла баъзе аз масъулин нисбат ба пешгирии хароҷоти ғайриқонунии маблағҳо, вайронкунии интизоми молиявӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазирӣ бо коррупсия беаҳмиятӣ зоҳир намуда, барои тарбия намудани кадрҳо дар руҳияи садоқат ба Ватан, дусту дили пок ва поктинатӣ дар хизмати давлатӣ тадбирҳои зарурӣ намеандешанд.

Қобили қайд аст, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд ҳолати иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияро таҳлил намуда, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додаанд, ки ҷиҳати дар қонунгузорӣ муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани он чораҷуӣ намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолияти дар ин самт бо ҷалби кулли кормандони мақомоти қудратӣ ва оммаи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба роҳ монда шавад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *