Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳокимияти судӣ.-Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдураҳимзода М.Н.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паём ҳуҷҷати муҳими муайянкунанда ва ба танзимдарорандаи дурнамои рушди устувору бомароми сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ро Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дастаҷамъона тамошо намуданд.

Пешвои муаззами миллат, дастоварду натиҷаҳои фаъолияти мамлакатро оид ба соҳаҳои мухталифи ҷомеа таҳлилу баррасӣ намуда, барои самаранокӣ ва беҳбудии шароитҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии давлат дастуру супоришҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд, ҳамзамон Пешвои миллат қайд намуданд, ки оид ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар самти таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ корҳои муайян амалӣ гардиданд. Дар ин раванд, Шӯрои адлия барҳам дода шуд ва масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардиданд.

Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти мазкур вазифадор карда шуд, ки ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя диққати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби муқарраргардида омӯзанд ва ба вазифаи масъулиятноки судя ҳуқуқшиносонеро пешниҳод намоянд, ки дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб бошанд. Бояд зикр кард, ки дар таъмини адолати судӣ иҷрои қарорҳои судӣ нақши муҳим дорад. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан қарорҳои судӣ муҳлатҳои зиёд ба иҷро расонида намешаванд. Бо назардошти ин ҳолатҳо зимни ироаи Паёми роҳбари давлат қайд намуданд, ки  Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералиро зарур аст, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намоянд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *