Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нақши конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд. Мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксарияти онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва монанди инҳо ба сарфи маблағҳои ҳангуфт роҳ медиҳанд. Чунин ҳолатҳо алалхусус то замони қабул шудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» хеле зиёд ба назар мерасиданд ва ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оммаи васеи мардум таъсири манфӣ ворид мекарданд. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, то барои ҳалли ин масъала чораҳои зарурӣ андешад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар 24-уми майи соли 2007 оид ба масъалаи танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ сухан ронда, гуфта буданд: «Қисме аз мардуми мо, ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».

Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Татбиқ ва риояи талаботи қонун дар маҳалҳо ба ҳар яки мо вобаста мебошад. Дар моддаи 1-уми қонуни номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст». Ниҳоят дар таърихи 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба тасвиб расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.

Барои дарк кардани нақши бузурги иҷтимоиву иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», қабл аз ҳама мо бояд вазъи татбиқёбии анъана ва ҷашну маросимҳои сершумори милливу динии тоҷикон дар солҳои охирини замони шӯравӣ ва давраи то қабул шудани ин қонун дар замони истиқлолиятро ба хотир оварем. Масалан, чӣ тавре ки дар хотир дорем, дар он даврони сипаришуда анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ ба ҳадде зиёд буданд, ки мардум намедонист кадоме аз онҳоро иҷро кунад. Илова бар ин, баъзе анаъна ва ҷашну маросимҳо бо унсурҳои зиёди хурофотӣ ва бо дину фарҳанги миллии тоҷикон бегона то ҳадде олуда шуда буданд, ки аз ҳам ҷудо кардани унсурҳои худӣ ва бегона, зарурӣ ва нолозим дар таркиби онҳо хеле мушкил буд. Инчунин, аксарияти кулли анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо ба таври стихиявӣ ва бетартибона татбиқ мешуданд. Ҳатто, бархе аз онҳо, масалан, ҷашни хонадоршавӣ, барои бархе аз мардуми доро ба як маъракаи худнамоӣ табдил ёфта буданд. Масалан, дар ҷашнҳои арӯсӣ истифодаи теъдоди зиёди мошинҳо, бо маблағи калон даъват намудани сарояндаҳои номдор, харҷи зиёди анвои нӯшокиву хӯрок, пулчаспониҳо ба ҳукми анъана даромада буданд, ки аслан ба ғайр аз намоишкорӣ ва исрофкории бемаънӣ маъно ва моҳияти дигаре надоштанд. То қабули қонун маросимҳои мотаму азодорӣ низ тадриҷан моҳияти аслии худро гум карда, дар бисёр маврид хароҷоти онҳо аз хароҷоти ҷашни хонадоршавӣ камтар не, балки зиёдтар буд. Зери ин намоишкориҳо бошад, миёни хамзадаи соҳиби маърака ва қарзҳои гирифтаи ӯ ноаён мемонд. Танҳо пас аз гузаштани маърака камбағалию тангдастӣ якҷо бо дигар мушкилиҳои рӯзгор бо соҳибхона даст ба гиребон мегардид.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *