Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Тағйиротҳои қонун рузгори моро зеботару пурнакҳаттар месозанд.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мавриди зикри хос аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сирф қонуни миллист. Ҳамагон медонем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маха ташаббус ва ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санан 8-уми июни соли 2007 ба тасвиб расида, аз ҷониби Маулиси намояндагони Мауиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аслан моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи меъёру принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷибеҳуда мебошад, то ин ки қабл аз ҳама иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.

Албатта, ин ҷо мехостам дар бораи тағйиротҳо ва дигаргуниҳое, ки ҳамрамақону ҳамкасбону ҳамкоронам тавассути расонаҳои даврӣ аллакай бисёр гуфтанд, бандаи камтарин низ баъзе иловаҳо намоям. Яъне, ба моддаи 10 Қонуни амалкунанда, ки тӯи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, низ тағйирот ворид карда шуда, дар баробари дигар маъракаҳои манъшуда, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда шуд. Инчунин дар ин модда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони  онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Бояд зикр кард, ки ин ташаббус аллакай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст ва аз ҷониби мардум дастгирии худро ба пуррагӣ ёфтааст.

Ҳамзамон, дигаргуниҳо ба моддаи 11 Қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, пешниҳод гардидаанд. Мувофиқи ин пешниҳодҳо тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад.

Инчунин бо мақсади ба низом даровардани гузаронидани маросими дафну азодорӣ тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад. Дар вохӯрию баромадҳо мардум оид ба адои маросими ҳаҷ низ пешниҳодҳои зиёд манзур намуданд. Бо назардошти ин дархостҳо ба моддаи 12-и Қонун тағйирот пешниҳод карда шуда, гузаронидани маъракаи ҳоҷизиёрат» манъ карда шудааст. Илова бар ин тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳангоми баррасии он таклифҳои шаҳрвандон ба инобат гирифта мешаванд…

Оре, тағйиру иловаҳо комилан барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шуданд, аз он ҷумла: роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, оростани дастурхони маънавии хоксорона, дар доираи оила, бе иштироки хизматрасонии санъаткорон гузаронидани хатнасур, дода шудани ҳуқуқ ба падару модарон ва шахсони ивазкунандаи онҳо то расидан ба синни балоғат, дар бонкҳо кушодани суръатҳисобҳо, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд бо риояи тартиби муқарраршуда ва иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ гузаронидани хатнасури хайриявии оилаҳои камбизоат ва амалӣ сохтани бисёри дигар иқдомоти муфиду самарабор…

Биёед, ҷиҳати ба пуррагӣ амалӣ гардидани нишондоду муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз пештара дида кӯшишу талошҳои бештаре ба харҷ медиҳем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *