Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нишондоду муҳтавои қонуни танзимро дар амал тадбиқ хоҳем намуд.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Зимнан бояд гуфт, ки хушбахтона, дар ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои миллии мо таърихан волотарин арзишҳо, аз қабили эҳтирому бузургдошти инсон, поси хотираи ниёгон, мехру пайванди хонаводагй, авлодй ва садоқат ба суннатҳои миллӣ ҳанӯз қойму побарҷоанд. Албатта, аксарияти шаҳрвандон талаботи қонунро риоя ва аз қабули он изҳори хушҳоли намоянд, ҳам мутаассифона, дар баробари ин, шаҳрвандоне низ ҳастанд, ки ба зиёдарави роҳ дода, меъёрҳои қонунро вайрон менамоянд. Ин гуна амалҳо бештар аз тарафи хизматчиёни давлати, соҳибкорон ва тоҷирон ба назар мерасанд. Мавриди зикри хос аст, ки дар тамоми самтҳои тағйиротҳои ба қонун воридшуда ҳамрамақони мо тавассути нашрияи «Паёми Душанбе» муфассал андешарони намуданд. Ман низ дар хусуси баъзе аз ин тағйиротҳо ҳарф мезанам.

Як нуктаи муҳим ин аст, ки барои дагалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим низ ҷавобгарй пешбинӣ гардида, ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонй, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомони ва ба шахсони ҳуқуқй ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомони ҷарима таъйин карда мешавад. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни болозикр маҳз ба хотири пешгирии вайронкунии он пешниҳод гардидааст. Дар баробари масъалаҳои зикргардида, дар лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи қонуни танзим ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла пурзур намудани ҷавобгарии маъмури ва ҷинояти барои дар ҳолати масти ва бе ҳуҷҷати ронандаги идора намудани воситаҳои нақлиёт ва дар ин ҳолатҳо содир намудани ҷиноят низ диққати ҷидди дода шудааст.

Тавре ки аз маълумотҳо бармеояд, ҳамасола дар роҳҳои ҷумҳури бар асари садамаҳои наклиёти шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд ва аз он бештар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони мебинанд. Ҳолатҳои аз тарафи ронандагони маст ва бе ҳуҷҷати ронандагй идора намудани воситаҳои нақлиёт ва содир намудани садамаҳои накдиёти низ зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Бо назардошти ин ҳолатҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳо пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои пурзур намудани ҷавобгари дар ин самт равона шудаанд Аз ҷумла, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйирот ворид карда шуда, дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи махсус – ҳуқуқи ронандаги маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд. Масалан, агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати масти танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба мухлати ду сол пешбини намояд, мувофиқи пешниҳод ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомони) ё ҳабси маъмури ба мухлати понздаҳ шабонаруз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мухлати панҷ сол таъйин карда мешавад. Ҷавобгари барои бе ҳуқуқи ронандаги идора намудани воситаи нақлиёт (моддаи 336 қисми 1) низ пурзур карда шуда, андозаи ҷарима аз 3 – 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150 – 250 сомони) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомони) зиёд карда шудааст. Агар дар Кодекси амалкунанда барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандаги надорад ва дар ҳолати масти қарор дорад, ҷарима ба андозаи 50 – 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2500 – 3500 сомони) пешбини мегардид, дар лоиҳаи пешниҳодгардида андозаи ҷарима 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне бист ҳазор сомони) пешбини гардидааст.

Барои такроран дар давоми сол баъди таъйин намудани ҷазои маъмури содир намудани ин кирдор бошад, шахс ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад. Тагйироте, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои пурзур намудани ҷазо нисбати шахсоне, ки дар ҳолати мастй воситаи нақлиётро идора намудаанд ва ё дар ҳолати масти қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, боиси ҳалокати одамон гаштаанд, равона гардидаанд. Аз ҷумла, барои дар ҳолати масти вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панд то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишголи мансабҳои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати даҳ сол пешбини карда мешавад. Агар ҳамин кирдор боиси марги зиеда аз ду шахсон гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба мухлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз даҳ то бист сол пешбини карда мешавад. Бале, Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги милли ва эҳтиром ба суннатҳои мардуми барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тодикистон равона гардидааст. Биёед, ҳамагон саъю талоши ҷиддй ба харч, дода нишондоду мухтавои ин қонуни миллиро ба пуррагй дар амал татбик, менамоем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *