Аз маъхазу сарчашмаҳо ва навиштаҳои адибону таърихнигорон бармеояд, ки дар давлатдории дунявӣ яке аз санад ё худ қонуни мазкур роҷеъ ба манфиатҷӯйиву тамаъкорӣ будаст. Дар аҳди пешин агар гирифтани пораву ришват кори носавоб дониста мешуд, баъдтар содиркунандаи ин аъмол бо ҳукумҳои сахти адои ҷазо дар маҳбасхонаҳо ва ҳатто, ҳукми қатл муҷозот мегардид. Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон фасод ва ё ришват-коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, сатҳи боварию эътимоди шаҳрвандонро то ҷойе ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек комилан маҳрум мекунад.
Аъмоли бадро ҷазои бад гуфтаанд. Дар рисолаҳо ва китобҳои динӣ низ аз нахустин пайдоиши таърихи инсоният дар бобати ришвахурӣ ҳукумҳои сахт ба назар мерасанд. Масалан, дар Инҷил омадааст: ”Зиёфат ва туҳфаҳо гаштти хирадмандонаро кӯрмегардонад ва ҳамчун ҷароҳат дар рӯй андомашро безеб мегар мегардонад”. Агар дар китоби инҷил гирифтани пора ба кӯр шудани ақлу хирад сифатсозӣ шуда бошад, дар Қуръон боз маҳкумияти сахттаре нишон дода шудааст: “Моли мардумр махӯред, қозиёнро нахаред, ки дар ҳузури Худованд гунаҳгор ҳисобида шуда, аз зумраи зиёнкорон хоҳед буд” .(Сураи ал-Бақара/188). Ҳамчунин, дар яке аз ҳадисҳои Муҳаммад (с) чунин омадааст: “Бигузор, ба ғазаби Аллоҳ сазовор гардад, нафари порадиҳанда, тамаъҷӯъ, порагир ва миёнарави онҳо”.
Додани пора дар муҳокимаҳои судӣ дар шариати ислом ҳаром шуморида шуда, аз рӯйи ақидаи дини ислом ҳар нафаре, ки даст ба порагирӣ мезанад, бо ҳукми шариат аз худованд рӯй тофтану шак овардану маънии томи бехудоиро дорад. Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.
Фаъолияти давлат дар бахши пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар шароити кунунӣ ба самти мустақили сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин, тибқи талаботи тавсияҳи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои комплексии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, боз ҳам такмил додани сиёсати ягонаи зидди коррупсионии давлатӣ, зарурати муттаҳид ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми мақомотҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар раванди пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, таҳдидҳои аманияти миллии иқтисодӣ, ҳа-моҳангсозии фаъолияти онҳо дар ин самт бо Фармони Президенти Ҷумҳурии оҷикистон аз санаи 14 декабри соли 2010 Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ҷумҳурӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил мебошанд. Дар паёмҳои ҳамасолаашон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон муборизаро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ ба ҳамагон таъкид карда, решакан намудани ин вабои ҷомеаро қарзи кулли шаҳрвандони кишвар медонад. Оре, барои рафъи амалҳои зишт кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.