Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҷаҳонишавии босуръат омодаги ба фардоро тақозо дорад.-Сардори шӯъбаи коргузорӣ ва назорати суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдураҳимзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Соли гузашта халки шарифи кишвар 30 солагии истиклолияти давлатии ҷумҳурии точикистонро бо дастовардхои назаррас тачлил намуд. Бо вучуди бархе аз монеахо, ки садди рохи бисёр аз муваффакиятхо гардид, дар кишвар корхои ободониву хуррамгар- донии шахру деҳот мисли солхои пеш ин бо чахду талоши бесобика чараён гирифт. Имсол бошад, он ободкорихо бо рангу чилон тоза идома меёбад. Дар ҳар суханрониҳои пурмуҳтавои пешвои муаззами миллат муҳтарам эмомалӣ раҳмон масъалаи фардои насли навраси миллат баррасӣ мегардад ва даъват ба амал оварда мешавад, ки дар замони ҷаҳонишавии пуршиддат мо бояд макоми худро дарё- бем. Зеро бидуни андӯхтани донишҳои замонавӣ пешравӣ ба кас даст нахохад дод.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар шароити ташаккул додани ҳаëти ичтимой – си- ёсии чамъият мавқеи асосиро тарбияи ахлокии инсон ишғол менамояд. Аммо ин ҳама вобаста ба муҳит ва шароитест, ки инсонро фаро гирифтааст. Халки точик дар давраи дуру дарози мавҷудияташ дар бораи тарбияи оилави донишу тачрибаи зиёде гирд оварда, онро ба анъана, одат, меъёр ва талабот табдил додааст. Он анъанаву одат хатто, дар осори адабии шоирону олимони точик чойгоҳи муносиб дорад ва ба забонҳои гуногун тарчума гардида, дар дунë пахн шудааст.

Дар лоиҳаи қонун «дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз чумла омадааст: «имруз, дар замони ҷаҳонишавии босуръати проблемахои ба- шарӣ ва омезиши арзишҳо бояд ба омузишу парвариши фарзандон саъю талош намоем ва онҳоро ба рохи нек ҳидоят кунем. Дар ин марҳилаи басо ҳассос вазифаи муқаддаси волидайн, устодон ва калонсолон пеш аз хама ба таълиму тарбияи насли наврас фаро гирифтан ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онхо мебошад».

Ман, ба ҳайси корманди маъмурӣ мехохам нуктаи назари худро доир ба масъалаи  конуни болозикр ва фардои насли наврас, ки бевосита ба мактабу маориф вобаста аст, баён намуда, бархе аз андешаҳои хешро дар ин мавзуъ баён намоям: -дар асоси талаботи ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон, вазорати маориф ва илми ҷумҳурии тоҷикистон оид ба баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми вазифаҳои зиёд гузошта шудааст. Вобаста ба ин, мутахассисон кӯшиш менамоянд, ки усулҳои боз ҳам сермахсули таълимро барои талабагон дарёбанд. Лозим ба ёдоварист, ки имруз муносибати хуби байни омузгор ва шогирдон дар раванди таълим ба фаъолияти дарсазхудкунии хонандагон таъсири мусбат мерасонад ва онҳоро ба донишандузи дилгарм месозад. Фазои фаъоли таълим, маҳорати баланди педагогии омузгор барои чалби хонандагон, эътикоди вай ба онҳо, ҳавасмандкунӣ, дастгирии ҳамдигарии омузгор ва шогирдон дар фаъолияти якчоя дар дарс ва гайраҳо унсурҳои асосии фароҳамсозии фазои мусоид дар дарс мебошанд. Ҳамаи ин унсурҳо натанхо дар шавку рагбат ва муваффакияти хонандагон инъикос меёбанд, балки дар рушди муносибатҳои неки ахлокӣ ва рӯҳияи ҳамдигардустдории онҳо ёрӣ мерасонад…

Омузгор дар дарс бояд аз шогирдон рочеъ ба натиҷаҳои таълим, равиши дарс иттилоот пайдо кунад ва дар навбати худ хонанда ҳам аз омузгор дар бораи худ –аз натиҷаҳои хониш, сифатҳои шахси ва кобилияти худ – маълумот бигирад. Ҳангоми мавзӯъро чавоб додан холати рухии хонанда на аз дараҷаи аз худ кардани мавод. Балки аз рафтор ва муносибати омӯзгор нисбат ба ӯ вобаста мебошад. Агар омӯзгор ҷавобҳои шогирдро бодиққат гуш карда, ба ӯ ёрий расонад, хонанда шавқманд мегардад. Устод ва муаллим нисбат ба ҳар як шогирдаш бояд муносибати хайрхоҳона ва некбинона дошта бошад ва онхоро чун фарзанди хеш донад.

Асосгузори сулху вахдати миллӣ – пешвои муаззами миллат муҳтарам эмомалӣ раҳмон дар паёми навбатии хеш роҷеъ ба ба масъалаи зайл бархак фармуданд: “ман борхо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои хисси баланди миллӣ ва эхсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз хар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо чавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои халли масъалахои онхо минбаъд низ тамоми тадбирхоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки чавонони мо дар дигаргунсозихои чомеаи навин боз хам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллй, хифзи арзишхои истиклолият ва рушди точикистони азиз, беш аз пеш сахм мегузоранд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *