Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ аз худи мо вобаста аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳар шахси ҷомеапеш аз он ки ба ҳаёти мустақил қадам гузорад, бояд ҳамаҷониба омода бошад, яъне аввал хуб мулоҳизаву андеша бикунад ва баъдан барои барпо намудани оила тасмим бигирад. Зеро бунёди оила кори саҳлу сода набуда, аз ҳар як фард масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Дар ин роҳ, бузургони мо, махсусан, волидон низ нақш ва масъулияти хоса даранд. Аммо, мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо мо гувоҳи он мешавем, ки падару модар ва муассисаҳои таълимӣ масъулияти тарбияи фарзандонро ба уҳдаи якдигар мегузаранд, ки ин омилро метавон бепарвоӣ нисбат ба ояндаи минбаъдаи фарзанд номид.

Бо назардошти ҳамин нуқта  ҳамин нуқта, баъди ҳамовозии аҳли ҷомеа соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки ин раванд далели равшан ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қисмату тақдири имрӯзу фардои насди навраси Тоҷикистон аст. Сарвари давлат ҷавонону наврасонро “Ояндагони миллат” хонда, онҳоро ба интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ, илмомузӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва дигар кору аъмоли таҷассумгари накутарин хислатҳои инсонӣ роҳнамоӣ кардаанд.

Дар айёме, ки дунёи муосирро равандҳои хатарнок ва мушкиловар менамяд, аз тарафи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2015 ҳамчун “Соли оила” низ бесабаб набуд, зеро асоси тарбияи маънавии ҷомеа аз оила маншаъ гирифта, маҳз оила дар бунёди ҷомеа ва миллати солим саҳми сазовор мегузорад.

Моро зарур аст, ки барои ободии ватани азиз сарзамини аҷдодиро аз хатару таҳдидҳо эмин нигоз дорем, аз усулҳои муассири тарбия кор гирем ва нагузорем, ки насли наврас ба осонӣ фирефтаи доми гурурҳҳои ифротиву тарғиботчиёни манфиатҷӯ шаванд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид доштанд, ки: “Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманданд мебошад”.

Паёмбарамон Муҳаммад (С) дар ҳадиси хеш фармудаанд: “Талаби илм барои ҳар мусулмон фарз аст”. Ташвиқ ва тарғиби омузиши илм дар онҳо фаровон зикр шудааст.

Аз суханони боло чунин хулоса намудан ҷоиз аст, ки агар мо дар пайравӣ ба ниёгон ба омӯзиши илм машғул шавему онро ба шогирдону фарзандону пайвандони хеш талқин намоем, бо боварӣ метавон гуфт, ки дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ ба хушбахтиву саодат хоҳем расид. Агар ба шогирдон ва пайвандони худ асос ва моҳияти омӯзиши хабони модарӣ, ватандустӣ. Ҳисси миллӣ ва таълимоти хуби онро дуруст тарбия намоем ё биомӯзонем, аминем, ки ҳеҷ як гуруҳи ифротиро ё иртиҷоие наметавонад, онҳоро ба қавле бо доми худ кашад ё ба сафи нопоки хеш ҷалб намоянд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *