Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Қонуни танзим ҳимоякунандаи манфиатҳои иҷтимоии мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Фикр мекунам, соҳибдавлат будан ва мустақилияту худмухториро ба даст овардан ва ҳамзамон, дорои Конститутсияи хеш будан, барои аҳли ҷомеа ва ҳар инсони соҳибдил бахти ниҳоят бузург.

Пас аз даргузашти даҳсолаҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳими сиёсӣ, давраи нави давлатсозию давлатдории мустақилона заруратеро пеш овард, то қонуни муҳимеро ба ҷомеа пешкаш намоем, то ки мардумро аз буҳронҳои маънавию иқтисодӣ комилан раҳоӣ  бахшида, рӯ ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ  биоварем. Ба ростӣ, чӣ қонуне метавонад болотару авлотар аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бошад?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳз бо ташаббус ва ибтикороти бевоситаи Асосогузори судҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода, таҳия ва қабул гардид. Мақосиду аҳдофи нахустини ин қонун танзими ҷашну маросимҳои беасосу серхарҷ, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми мо маҳсуб меёбад.

Бубинед, тӯли даргузашти беш аз чордаҳ сол ба хубӣ мушоҳида намудем, ки чӣ тавр ин қонун манфиатҳои иҷтимоии мардумро ҳифз намуда, барои паст кардани сатҳи камбинзоати аҳолӣ хидмати шоён намуда истодааст ва маҳз ҳамин муҳтавои самарабору наҷиб буд, ки ин қонун имрӯз ба ҳайси мақоми Қонуни миллӣ дар ҷомеаи мо шинохта шудааст…

Таваҷҷуҳ намоед, дар моддаи 10- и Қонуни мазкур роҷеъ ба туйи домодию арӯсӣ чунин оварда шудааст:

-туйи домодию арусӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши туй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузарониданида мешавад.

-Ташкили маъракаҳои фотиҳаи туй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, ҷойгаштак, расталбон, кудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, руйбинон, чодарканон, муборакбодӣ. Шаҳтози (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арус, ба истисонои тақдими туҳфаҳо барои домоду арус ва падару модари онҳо  манъ аст.

-маросими домодталбони ва арусбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд.

-падару модари домоду арус ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши туй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.

-ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд.

-маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомти сабти асноди ҳолати шарҳвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифода на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав гузаронида мешавад.

-шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки миконияти молиявӣ доранд, метаовнанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ туйи домодию арусии зайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбинзоат баргузор намоянд.

-тартиби гузаронидани туйҳои домодию арусии зайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Яъне, мақсади асосии қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбинзоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳайёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳайти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид  менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равон карда шудааст. Вазифаи қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Амали қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеъияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад. Ақаллиятҳои миллӣ бошанд, дар доираи муқаррароти қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросимҳои суннатиашон озод мебошанд.Биёед, баҳри комилан амалӣ сохтани нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар минбаъда низ саъю талошҳои ҷиддӣ ба харҷ медиҳем.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *