Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ карда мешавад. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани адолати судӣ ҷалб шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ягон мақомот ё шахси дигар ҳуқуқи амалӣ намудани адолати судиро надоранд.

Ҳокимияти судӣ фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ менамояд.Тартиби аз тарафи судҳо баррасӣ намудани парвандаҳоро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд.Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ танҳо аз тарафи суд амалӣ карда мешавад.Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад. Дахолат ба фаъолияти суд манъ аст. Дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳуқуқ надоранд дар ахборашон натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рўи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор диҳанд.

Судя вазифадор нест дар бораи моҳияти парвандаҳое, ки баррасӣ шудаанд ё мавриди баррасӣ қарор доранд, ба ягон мақомот ё шахси мансабдор баёнот (маълумот, ахборот) диҳад, инчунин онҳоро барои шинос шудан дар ихтиёри касе гузорад, ба ғайр аз ҳолатҳо ва тартибе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қонун итоат мекунанд.Мустақилияти судя таъмин мегардад бо:тартиби махсуси интихоб, таъин, озод ва бозхонд  шудан;дахлнопазирии судя;амалӣ намудани адолати судӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;манъи ҳама гуна дахолат ба фаъолияти судя дар амалӣ намудани адолати судӣ  бо таҳдиди ҷавобгарӣ;ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд, судя;ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан, ба нафақа баромадан ва бозхонди судя;муҳайё намудани шароити ташкилӣ ва моддӣ-техникӣ барои фаъолияти судҳо; мувофиқи мақом аз ҳисоби давлат аз ҷиҳати моддӣ ва иҷтимоӣ таъмин намудани судя.Кафолати мустақилияти судяҳо, аз ҷумла чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии онҳо, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ба ҳамаи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегарданд.

Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.Дахлнопазирии судя ба ҳаёт, қадр ва номуси ў, манзили истиқоматӣ, утоқи хизматӣ, воситаҳои нақлиёт ва алоқае, ки дар истифодаи ў қарор доранд, инчунин ба муросилот, ашё ва ҳуҷҷатҳои судя паҳн мегардад.Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.Бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидан, ба ҳабс ё ҳабси хонагӣ гирифтани судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин нест.Бе ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба ҳабс ё ҳабси хонагӣ гирифтани судяи Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мумкин нест.

Чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани судя, муваққатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоқи хизматии ў, ҳабси молу мулк, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар гуфтугўҳо, ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онҳо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумот дар бораи пасандоз ва суратҳисобҳои бонкӣ, ҳабси маблағҳои дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарордоштаи судя бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.Дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии судя, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ў ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати судя бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *